Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Медий!...»
«Бале, шоҳ!»
«Огоҳ будӣ, ки аз Гефестион рози ниҳон ва сирри пўшида надоштам?»
«Оре, шоҳ!»
«Ҳатто номаҳои пўшидаи модарро, ки асрори давлатдорӣ дошт, ба ў хондаам, ба ту низ... Инак номаи ман ба модари диловару шуҷоъ... Агар... агар кору ҳоле шуд бо ман... ин номаро фаврӣ... фаврӣ бифирист ба ў...»
«Ай Искандар! Чӣ ҳарфест, ки гўйӣ? Аз худовандон умед дорем, то моро ноумед накунад. Агар худоён чунин осон ва ҷавонмарг ҷон мегиранд, моро набояд сахтҷон меофариданд.
«Чунон офариданд, чунин гиранд... Имкон дошт, ки оламро зеру забар кунем... Вале дастамон нарасид ба гиребони худоён...»
Медий чизе нагуфт. Балки андешид: «писари худо домангир аз падарони хеш бувад. Ифтихор дошт, ки писари худост, пушаймон бувад, ки падари хеш бадном карда.» Ў борҳо нўги забон меорад, то аз шоҳ пурсад: «ҳанўз ҳам дарунаш сўзад?», балки лаб накушояд, забон газад, то таҳткобӣ нашавад аз ҷониби шоҳ.
Дарду ғазаби хуфтаро хурўҷ додан хуб набувад. Медий надида, ки Иоллай чӣ кард бо шоҳ, чӣ омехт ба шароби ў, чӣ рехт андар ҷоми зарин; аз гуфтаву ройсозиҳои пешакии он чошнигари шоҳ дилаш раг занад. Вале рўҳ гирифтану болидани шоҳро дида ба бозӣ хонадаш:
1 «Мўҳрабозӣ мекунем!»
Искандар пазируфт хоҳиши Медийро. Тамоми рўз бозӣ карданду сўҳбат. Пазиройӣ ва ройсозии солорони сипоҳро ба фардо гузошт. Шоҳи мақдунӣ умед дошт, ки дардаш вопасин набуда, чун ҳамеша беҳӣ хоҳад ёфт ва боз амру фармон кунад сипоҳу сипаҳбадонро.
Чун Медий аз назди ў дилпур рафт, ки шоҳ гумони бад надорад мар ўро, баъди шом боз хурўҷ кард дарди шоҳ. Битафсид, биларзид, зери обу арақ монд. Неарх даъво кард, ки ҳар бори омадану рафтани Медий дарди шоҳ хурўҷ мекунад. Вале табибон дар як
2 мўлҷар авҷ гирифтани дарди ўро табларза донистанд.
Дард авҷ гирад, хурўҷ кунад ва оҳиста фурў нишинад, ором гардад ва сард шавад. Муддати зиёд нагузашта боз хурўҷ кунад. Ба
3 гуфти табибон «табларзаи вазнин». Дард кашаду азоб ва паҳлў
- Бозие монанд ба шатранҷ.
- Мўлҷар – вақти муайян.
- Malaria tropica.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор