Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

гардад дар бистари тар. Бадал кунанд рўкаши бистари ў ва аммо бо илоҷе, бо коре, ба табобате, бо чизе беҳ нагардад шоҳ...
Искандари рўйинтану қавирўҳ дарёфт, ки саҳл набувад набарди навбатии ў: муборизаи ҳаёту мамот. Ў бисёр душманони рў ба рўро илоҷ ёфт; хасмони ҷудогонаро ҳисоб баробар кард; адўвон мўр буданд наздаш, вале ночору ноилоҷ бувад пеши марг.
Валекин тан нахоҳад дод писари худо аҷалро. Зеро умедвор аст, ки худоён дастгираш шаванд. Агар худое ғазаб карда бошад, худоёни дигар мададгор хоҳанд буд. Ва шояд гарди набард хезад миёни эшон аз барои писар.
Имшаб тамоми шаб Искандар ҷанг кард бо марг. На гурзу кўпол дошту на дашнаву шамшер, на тиру камон. Тани арақшори ў сипари тири аҷал буд ва ў наметавонист коре бикунад. Имон дошт ба зўри худовандии хеш; мададгор медонист худоёнро.
Умеде низ дошт, ки бархезад аз бистари марг; барояд ба баҳри беканор, хубтар бинад олами кушоду равшанро. Аммо танро вазнин ва даступоро фалаҷ дарёбад.
Даҳон кушояд чу моҳии аз об бурун афтода. Ҳавои тозаи канори рўд кофӣ набувад шоҳи дарёдаркашро. Гўйӣ гиреҳи сангӣ пайдо шуда андар гулўяш, нагузорад ҳаво ба шуш равад. Даҳон кушояд фарохтар. Вале надонанд ва эҳсос накунанд дарди ўро ва пиндоранд ҳама моли дунё, зару зевари хазинаҳо фурў набурда монд, шоҳ дилкашолӣ дорад. Ғал гардад. Афшурад тани хешро, то дард бадар шавад, аҷал дур равад. Валекин зўру тавонаш нарасад ба рақиби пурзўру тавоно...
1 Балки хандад насносе ба ў. Сараш сари лошахўри баднаморо монад, ҳайаташ даррандаро, дандонҳояш дандони одамиро: дароз, испед... Аз баландӣ ғалмағали лошахўрон ояд, оворо монад ва дар зераш нафире ҳаст, ки то имрўз шоҳ нашнида. Монанд ба шеване, ки гоҳи марги фарзанд модар сари ҷанозаи ў гўя кунад. Шоҳ паҳлў гардад, то дур шавад садо. Гўйӣ андар мағзи ўст наво. Тан оғушта ба обу арақ. Ў дарку эҳсос накунад, ки чӣ ғашовар аст.
Беқарорӣ дорад. Майли хестан кунад. Дареғ, ки итоат накунад тан ва дасту пой ройро:
«Худойгоно! Фардо беҳтарин қурбониҳоро ба ёди ту нисор кунам!»
Қарор дод худ ба худ, аммо посухе шунид, ки ҳеҷ гоҳ нашунида буд:
«Ё Искандар! Моли кас қурбонӣ нашавад! Қурбонӣ аз парвардаи хеш кунанд! На аз моли рабуда!... Ё Искандар! Агар ба роҳи
- Наснос – одамҳайвон, асбодам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор