Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Дастони ў чун болҳои пардадори шабпар меёзанд ва то сари болини шоҳ меоянд. Искандар фарёд мезанад, дигарон онро дида наметавонанд.
«Тир! Шамшер!»
Низ даст меёзад шоҳ ва мебинад, ки дастонаш кушода нашуда, балки мисли дастони тифли навзод ба танаш мечаспад. Ўро тиру шамшер намедиҳанд, ки васвос шуда, пасон садо базўр барорад чашм ба шибдор:
«Бикушед онро! Он ҷонвари баднаморо!.. Писари Антипатр
– Иоллайро!»
Нигаранд ҳама ба шибдор, вале чизеро набинанд. Ҳайрон:
«Мағзи шоҳ коста.»
Мағзи сари шоҳ Искандар холӣ тобад. Бод гардон андарунаш ва ҳар нағма садо диҳад. Як тори таранг низ рост бурида гузарад мағзро ва якнавохт ово диҳад; садои зилларо монад. Шоҳ яқин кард, ки ҳамин садои тезу бурранда хўрда мағзи ўро. Ба гумонаш ҳамон зиллаи болҳояш сахти аз зоти хармагас, ки сарбозон аз барои овозаш сари роҳ баъзан рўйи даст гирифта аз куҷо садо додани онро донистанӣ мешуданд, мағзи ўро макида ва хушк гардонида, ки ҳеҷ чиз дар ёдаш нест.
Се занро оварданд тори сараш. Вале Барзин пайдо нест. Писараш Геракл низ. Искандар васият накард, ки умед бар зиндагӣ дошт. Балки наъра кашид:
«Ҳама чиз аз рўйи нақша бояд сурат гирад!»
«Ҳамин тавр Шоҳ!»
Пеш омад Неарх, шоҳ Искандар ўро нашинохт.
Чашм дўхта бар сақф, ки Иоллай часпида буд он ҷо. Ва ҳоло як шабпари хушкидаро медид, ки мех карда бошанд: ноҷунбон, пўсти холӣ монда. Даст расонӣ, резад.
«Маро ба диж бубаред!»
Боз сабукрўҳ аз хоб бедор гашта фармуд шоҳ. Ба ҳарам оварданд. Нишонданд бар тахти оҷ. Шоҳ шакарханда кард. Ва касе пай набурд, ки чунин хандаи сабуки шоҳ чӣ маънӣ дорад. Муаммо монд чун рози нуҳуфта. Амр кард:
«Гирд оянд сипаҳбадон!»
Шояд вопасин амри шоҳ буд. Ё хонаравшанкунии ў, ки баъди гирду ғун омадани солорони сипоҳ як-як нигарист ба эшон, вале якеро ном нагирифт ва нашинохт.
Протей – вазири дасти рости шоҳ аз сари болини ў намеҷунбид. Неарх аз паси маснад даст ёзида шоҳро медошт, то наафтад.
Медий пеши пояш менишаст ва Биталомусу чанде дигар паҳлўи ҳамдигар буданд ва ҳар кадом нияте доштанд ва умеде. Касе ба касе нигоҳ намекард ва коре надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор