Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин қадар дарозанд ин рўзҳо?
— Чиҳил рўзи дигар...
— Ман чиҳил рўз ҳам умр надидам, Неарх. Сивусе рўзи кўтоҳи даймоҳ.
— ...
Табибу ҳакимон ҳама дармону даво ба кор бурданд, табларзаи шоҳ Искандар басанда нашуд. Маротибаи саввум дарду тафс ларзонд ўро чу барги бед. Дандонҳои шоҳ ба ҳам бархўрданд, ки лаҳзае пеш «чӣ гарм аст канори рўд?» мегуфт. Сармо хўрд.
Рўпўши гарму гаронвазн ва ё гармоба мехост. «Неарх, бишин тори зонуҳоям!» Ларзиши пойҳо боздоштан хоста фармуд шоҳ. Неарх бинишаст рўйи пойҳояш, вазн андохт. Пойҳояш вазнро бардошта натавониста аз ларза бозмонд, вале манаҳаш қарор надошт. Дандонҳо мисли сангчаҳои ба ҳам бархўрда садо мебароварданд.
«Ба... ба гармоба...»
Садои паст ва ларзони шоҳро шуниданд, бурданд ба гармоба. Ором гирифт андаке. Фармуд, то қурбонӣ кунанд. Қурбонӣ карданд. Чун танаш гарм шуд, бозоварданд ба шабистон. Озода, осуда ва ором метофт. Дар асл ғалаёни андешаҳо осуда намегузошташ. Дарёфт, ки каммадор, хотирааш суст гашта, гузаштаро ёд оварда натавонад. Балки он қадар аъҷубаҳо андар мағз ва пеши назараш тобанд, ки дар умраш надида буд: зараҳо пайдо шуданд, ҳубобчаҳои ранга сайр доштанд андар фазои сохтааш.
Дар ҳавои хосаи ў устухонҳои ковок ва чу сангҳои бодхўрда мағоку жарфакҳо дошта; ҳамчун хонаи занбўри асал сўрох-сўрох парвоз карда дар шифту шибдори кўшки тобистонаи шоҳона мечаспиданд ба кирдори кўршапарак. Косахонаи сар, дандонҳои ёзидаи ваҳмангез, искилети одамӣ, мурдаҳои талу пушта гашта, ҷасади чашмкофтаи Дорои Саввум, мурдаи муслагаштаи Бесуси Бохтарӣ, сари хандони Спитамони Суғдӣ, сари паридаи коҳин, сари синаи хуншори Клит, тани ба пордуми шутур ваззабастаи Коллисфени таърихнигор... ва бисёр чизҳои даҳшатбору тарсовар аз пеши чашмаш мегузаштанд... Шоҳ натавонист ҳамаро бори дигар аз пеши чашмаш гузаронад. Дарду тафс мегузаронд ин чизҳоро.
Вале чаро як назар симои номатлуби Антипатр гузашт пеши назараш ва Иоллай бо Медий абрўпаррону чашмакзанон ва хандон видоъ карда, андар фазои кўшк парвоз кард ва чун кўршапарак бо пойҳояш бар шифт часпида хешро овезон медошт, то Искандарро бо бистару болинаш бардорад. Аз ин махлуқи шиноси ношиноси бадранг, ки дар торикии сақф маскан гузидааст, Искандарро ғаш омад ва зўр мезад, то ғарора кунад. Аммо шиками гурусна ва тиҳии ў чизеро бурун наовард. Танҳо шоҳ бинад ин насноси бозигарро.

пешина
аз 411
навбатӣ