Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Кушандагонро меҷўям» гуфтани Искандар воҳима ангехта буд ба дили ў ва тан ба тан мондан бо шоҳи мақдуниро фоли бад мепиндошт.
— Чаро куштӣ?
Суоли яклухт буд ва Набарзанро лозим меомад, ки зиёд гўяд, то шоҳ Искандар фаҳмад. Аммо аз чанд сухани ў рўшан шуд, ки шоҳи румӣ ҳарфи зиёдро хуш надорад, охири амалро гуфт:
— Ман накуштаам. Ширкат кардам. Чун дашнаи шоҳ Доро дар дасти ман буд, охирин шуда он дашна ба шикамаш хастам, ки аллакай мурда буд.
— Дурўғ магўй, ман ҳамаашро медонам.
— Дурўғ нагўям, Маликуррум.
— Ва чӣ зарурат буд, ки мурдаро дашна задӣ?
— Бесуси Бохтарӣ ситам карда буд. Вагарна куштаро теғ задан мардӣ набувад. Ва он дашнаро Бесус фармуда буд, то ман аз камари шоҳ Доро бигирам ва бар худаш занам. Дилмонда шудам аз Бесус, ҳамроҳаш нарафтам.
Боқӣ ҳамаро медонист Искандар, гўлпурсӣ накард. Вале Набарзанро лозим буд зиёд гўяд барои муҳофизати хеш ва кори оянда.
— Шояд номаи Набарзан расида бошад Маликуррумро? – пас аз мулоҳизаи зиёд пурсид ў ва хомўш монд, то аз Искандар чӣ ояд.
Искандар, ки андешааш аз базму ҷашн буд ва ақаллан баъди шабравӣ наҳор хўрдан мехост, бад расид пурси ў. Ба ҳар ҳол сар ҷунбонд ба тасдиқ. Набарзан шодон гашт ва Искандар чизеро ба ёд оварданӣ шуда сохт: «На-бар-зан...»
— Бале-бале! Набарзани ҳазора. Ба ҳазор савораи мунтахаби Доро сар.
— Оҳо... Ҳамон савораҳое, ки бо ман ҷанг карданд?
— Бале-ба... – забонаш гирифт ва оқибати кору ҳолро пеши назар оварда, хомўш монд.
— Дар он нома чӣ фармуда будӣ, ёдам нест?
— Навишта будам, ки... А-а-а... Дархосту армонҳоямро навишта будам. Ситоиши теғи буррои Маликуррум буд. Нома қабл аз фавти Дорои Саввум буд. Ҳама сустиҳои Доро; раҳмдиливу, тарсуву айёш ва канизакпарасту танпарварии ўро навишта будам; қасди ҷони Доро кардани Бесуси Бохтариро гуфта будам...
— Чун буд?
— Доро зўру тавон ва хоҳиши ҷангидан надошт. Сатрапи Бохтар Бесус миғфару маснадталаб буд. Барои несту нобуд кардани шоҳ ҷидду ҷаҳди зиёд дошт. Муҳимаш: нигошта будам, ки агар шоҳ Искандар дар чунин фурсату ҳолат ҳамлавар гардад, пирўзӣ орад ба даст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё