Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҳамон ҳам аз ношукрии инсон ва бехудии амалдорон буд, ки ба ғазаби Худованд гирифтор шуданд.
Сабаби аввалин бор чунин пайваста боридани боронро мушоҳида кардани ў бехобӣ буд, ки ҳалқаи зери чашмонаш гувоҳӣ медод.
Ҳарчанд субҳи содиқ аз хона баромада, дар ҳаммом оббозӣ карда ва ришашро тоза тарошида буд, сурхии чашм ва пучаки зери он, коҳидагии пўст ва заъфарон гаштани ранги рўй хастагии ўро ҳувайдо месохт. Халил нишонаи навро, ки дар сару рўйи падар дид, ҳамин чиз буд. Дилаш таҳ лағзид.
Мошини Халилро хуб шуст борон. Шишаҳои сабукрав «қатраборон»-и Рўдакиро дар худ таҷассум карда буд. Борон монда, чангу тароваташ дар ҳаво сайру сулук дошт ва як тозагӣ ҳис карда мешуд. Бўйи замини борон бардошта рафта, аз зери дарахтон бўйи хазон бармеомад.
Падару писар ва бародари хурдии Абдуҳамид Абдувойизи ҳама умр ҳамроҳу ҳампой дар мошин нишастанд. Халил мошинро то ҷойи васеъ пас-пас меронд. Ҳама хешони шаб ба гусели Халил омада дар хонаҳо хобида, ҳоло дами дарвозаро шиғбанд гирифта, озурдадил рафтани падарро мушоҳида мекарданд ва роҳи сафеду барори кор мехостанд.
Абдуҳамид баробари ба дасти чап гашта роҳи Панҷакатро пеш гирифтан сар ба тарафи рост гардонида, мақбараи Рўдакии бузургро аз назар гузаронд, вале аз дили ў чӣ гузашт ва зери лаб чӣ гуфт, худаш донаду Худо. Одати мардуми тоҷик чунин, ки дар чунин ҳолатҳо аз Панҷрўд то Панҷакат ҳарф зада, масъалаи имрўзаро дону нодон муҳокима карда ва дар ин кор сад касро печонида, бисёр сахту суст гуфта, ҳатто байни ҳам ба гап рафта, якдигарро сахт мегўянд, ки чаро фулонӣ чунон кард? Фалониро чӣ коре ба ин корҳо. Боз ғоибона ононро нокаснавозӣ мекунанд ва ноҷавонмард мехонанд; панд медиҳанд ва маслиҳат, ки ба ҷойи ин кор он корро мекард, сара буд. Ва ё ягон вақт ба он кас некие карда бошанд, гиламанд аз ў мегарданд, ки андеша накард; нону намак ва ё нағзиро пос надошт. Сонӣ кина мегиранд дар дил:
«Сад сол гузарад ҳам, бояд қасос гирифт». Шояд ин сиёҳӣ кулли башарро фаро гирифта бошад? Ё иблис аз сари китфи чапи ў ҳар гоҳ ба сари китфи рост ҷаҳида гузашта, Раҳмонро танг гардонад; ё худ сафедиҳои дили касро зудуда ба ҷояш сиёҳӣ молад, ки ҳеҷ гоҳ одам фармудаи ягон китоби осмониро ба ҷо намеорад.
Аммо ин ду тан то ба роҳи қирпўши Шўрча расидан лом нагуфтанд. Шояд ҳар кадом ба таври хеш аз дилу мағз андешаҳои зиёдтар аз инро ҳам мегузарониданд, лек чизе аён набуд. Гоҳ-гоҳ аз хаёл мегузарониданд, ки ба якдигар гўшаи чашм карда ранги рўй бинанд. Ё ҷуръат намекарданд ва ё намехостанд, ки дилсўзиро ошкор гардонида, ба дили якдигар афтодарўҳӣ оранд. Вале Халил баччагӣ кард:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо