Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Шумо ҳама чизро сахт ба дил мегиред-дия, дада.
— Ман ба дил намегирам. Он чизҳо намегузорад, ки ман рўз бинам. Ман ба ту падар-а?
— Албатта.
— Падарро дўст медорӣ...
— Чӣ ҷойи пурс?
— Не, ман напурсидаам. Ҳамин хел худам мегўм, барои мисол... Ман ба ту падар... лекин барои иғвою дасисаи кадоме, ки писарро ба падар душман нишон медиҳанд (ин дар таърихи инсоният кам рух надодааст; мисолҳояшро, қиссаҳояшро медонем).
Падар аввал бовар намекунад, ки наход писари ман дар ҳаққам хиёнат ё носипосӣ кунад? Чун миш-миш мешаваду аз дилдории чанд тани содадилу фаччак ҳамон як гапро мешунавад, дилаш раг мезанад. Баъд писарро ҷазо медиҳад ё ҷазо доданӣ мешавад.
Дили писар аз падар мемонад ё не?
— Албатта аз кори ноҳақ...
— Бале, писарам... Кори мову партия ҳам ба ҳамин ранг рафта истодааст.
— Дада, дадаҷон! Ба ин чизҳо эътибор надиҳед. Фарз кардем, ки ягон ҷазоро партия ба шумо раво дид, ғам нахўред. Шумо соябони сари мо бошед. Ба бахти фарзандон зиндаву саломат бошед. Шумо кадевар, кадхудо ва падархудои хонадони мо ҳастед. Наход фарзандон гузоранд, ки шумо хор гардед. Агар шумо моро фарзанди хуби худ донед, ором шавед, нағзакак хоб кунед.
Пагоҳ бо рўйи сурх ба маҷлиси Бюро ҳозир шавед. Ман худам мебарам. Баъди Бюро худам меорам. Аввал бинем, ки онҳо чӣ мегўянд. Дадаҷон, ҳама фарзандон дар таги дарвозахона. Касе ба ҷое намеравад. То шумо осуда нашавед, хоб накунед, касе аз таги дарвозахона намеҷунбад.
— Ҳамин хел мешавад, писарам. Ман як пиёла чой мехўраму мехобам...
Шаби дароз борон рехт. Чунин борони бемаҳали дурўдароз
дар ин фасл намеборид. Ба ҳар ҳол ҳама ҷоро обзадаву рўфта буд
ва ҷўя-ҷўя аз ҳавливу роҳравҳои баланд, сўрохии зери такдариҳои дарвозаҳои ҳама, ки дигар роҳи оббаро надоранд, сўйи
Рўдак об мешорид. Абдуҳамид чун мушоҳидакори табиат чунин
шаборўзро дар сари мол (дар чўлу сари ағбаҳо) ва ҷустуҷўйҳои
геологӣ зиёд дидааст. Аммо ёд надорад, ки шаби дароз шаввв гўён
пайваста аз Осмон об резад. «Яку якбора... Бебало нест... Яку якбора... Чунин... аз лаби сатилу табақ мерехтагӣ барин... Ягон бало
дорад...» Ў ёд меорад, ки дар Оби Азов чил шабонарўз аз Осмон
чунин борони сард рехта ва аз зери Замин обҳои гарм ҷўшида, Оламро пахш карда буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо