Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Халил падарро дилдорӣ кард: «Аз ин чиз хафа нашавед, дада, олам дигаргуншавӣ дорад».
Падар «ҳааа» гуфту монд. Зеро дигаргуна гаштани олам аз одамон вобаста нест. Сохтро (сохту сохтори мулки худашонро) дигар карда тавонанд, гетиро тарҳи нав андохта натавонанд. Аммо орзуи одамӣ ҳаст, ки зўрӣ худоро карда, дунёро дигаргун созад ва хитоб занаду лофу газоф: «Тири Заминро ба дасти ман диҳед, Оламро чаппа мекунам!»
— Падар, ман Душанбе меравам, худо хоҳад, корҳоро сомон карда зуд бармегардам.
— Роҳи сафед, писарам. Аз ин корҳо хафа нашав. Кас тақдиркардаашро мебинад.
— Рафтанӣ набудам Як кори зарур ҳаст. Барор гирад, худо хоҳад, зуд бармегардам.
— Саросема нашав...
Халил рафту падар ҳама корҳоро супурдашуда пиндошт. На сари мол рафт, на работ, на корхонаи калону на ба идораҳои партиявӣ. Гўё ҳар амонат ё қарзе, ки дошт, баргардонд. Аз касе вому қарз надорад. Вале дертар ба худ омада андешид, ки кори хуб кард ё бад? Дар ҳамон ҳолате, ки дошт, аз рафтори кардааш хубтар кирдоре ба сараш назад, пиндошт, ки бо чунин кораш ҳама алам аз эшон ситонд ва ононро огоҳ кард, ки чӣ касанд. Аммо баъд надонист дар кабинети котиби партиявии шаҳр чӣ шуду чӣ монд. Ба гумонаш ҳарфҳое шуд. Котиб метавонист ўро ҳатто бо зўрӣ аз роҳ гардонад. Милисаву органҳои дахлдорро ба кор барад. Чунин кор нашуд. Шояд котиб ҳанўз ҳам фикр кунад, ки чаро ин коммунист рафтори беодобона кард ё андеша дорад, ки ба таги кирдори ў бирасад. «Ин кор ҳамту намемонад... То марказ хоҳад рафт, ки коммунисте аз шаҳри Панҷакат чунин рафтор кардааст. Чунин шавад, шояд пурсуҷў ба миён ояд; рў ба рў ва аз таги гап огоҳ гарданд. Он гоҳ ягон чиз гуфтанам мумкин. Ё оддиякак заҳмату азобҳоро беминнат фаҳмондан лозим. Лекин бо думи шер бозӣ кардан хавфи зиёд дорад. Лозим набуд. Лек касе пайдо набуд, ки ҳолати маро пай барад. Агар чунин намекардам, дилам мекафид. Бо чунин рафтор диламро эҳтиёт кардам. Аз онҳо канортар будан хостам. Гўё як амонати ниҳоят гаронро аз сари синаи чоку барчок канда пеши котиб гузоштам, ки бубинад...
Ҳар навъе, ки бифаҳмад, ихтиёр ўрост...»
Чандин рўз боз ба худ гирифтор будани шавҳарро дида, зан дам ба дам бо сад баҳона чой меоварду ҷурғот, рўйи ҷурғот, ҳар гуна мева, нони гарму равғани зард, қурутоби косагӣ, тухми нимдумбул ва косаи асал. Ба назар Абдуҳамид ба яке нигоҳ намекард ва занро чизе намегуфт. Зан ҳам ба баҳонаи ягон чиз токчаҳоро хабар мегирифт, даҳони таксандуқаҳоро кушода чизе меҷуст, байни рахти лўлаву болиштҳо ва кўрпаҳо даст дароварда гўё гумҷўйӣ мекард; як баҳонае буд, шояд мардак аз чунин рафторҳои зан дилгир гашта чизе пурсад ва ў кушода гашта ба ҷойи посух чизеро аз мардак дархост кунад, ки чӣ ин қадар гирифторӣ дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо