Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо шў чун пештара ба корҳои занона эътибор намедиҳад ва чизе намепурсад; чашмонаш пўшида, чунон ки дар маҷлиси Бюро буд
– сараш луч, паси сар харпанҷа андохта, такя бар болишту девор дорад. Чашм пўшида, ки набинад; ин хона ва ё занро на; билкул ҳеҷ чизро набинад Рўдакивор, ки пеш дидан мехосту баъд кўр будан. Абдуҳамид дар ҳамин хонаи танҳо ҳисоботи умр доданӣ буд, аммо зан бо баҳонаҳои хеш ба ў халал мерасонад. Ҳамин чизро пай мебарад шў. Гумон ҳам мекунад, ки ҳамсараш ин чизро дидаву дониста мекунад, ки марди нозуку ҳассос дар хонаи танҳо коре накунад, ки нокарданӣ бошад. Бо вуҷуди он ўро халал намерасонад ва мисли мардони кўҳистонӣ вағида, алами ҳама ноомади корро аз ў намеситонад. Дар хонадории дерсолаашон ў чунин рафтор накардааст, ки зан ё фарзанд аз ў хафа ё дилгиру ғамӣ гашта бошанд. Зан ҳам одат кардааст, ки баҳудаву беҳуда аз ў ҳар чизро напурсад ва ба корҳояш дахолат накунад. Барои пурбардошт, порсо ва орому ботамкин буданаш Абдуҳамид баҷову ноҷо ҳар чиз намегўяд. Зани чолоки лоғарандом ва нозук аст ў.
Дар кори рўзгор ҷунбидагиаш ҷунбидагӣ.
Кадбону хеле палмосиду ҷуст. Чизи хостааш пайдо гашт. Инак ў сўйи шавҳар нигарист, ки рафтору кирдори ўро сарфаҳм наравад. Чизеро даруни остин кашид ва нўги остинро бо дасти рост ба кафи дасти чап фаро оварда, панҷа мушт кард. Гумонаш кадевар хешро ба хоб зада ҳама рафторҳояшро мушоҳида мекунад.
Ва оҳиста-оҳиста мурғона нўг-нўги пой назди шавҳар омад. Рў ба рўяш хеле истод. Шў чашм намекушод. Зан паст сурфид. Шў боз чашм накушод.
— Хобатон бурдагӣ?
— Чӣ мегўйӣ? – чашм накушода пурсид шў.
— Абдухалил як амонат гузошта буд.
Шў ҳайрон, ки Абдухалил ин чанд рўз ҳамроҳи ў гашта буд ва чаро амонат падарро надода, ба модар гузоштааст.
— Чӣ гуна амонат?
Зан баробари кушода шудани чашми Абдуҳамид зону зада паҳлўяш нишаст ва остини ҷамъоварда раҳида, латтапечеро ба ў дароз кард. Падар печи латтаро кушода як дарза пул дид.
— Чӣ гуфт Абдухалил?
— Лозим шавад, истифода баранд. Ё аз ягон ҷо ҳавлии фурўшӣ ё замин бошад, бихаранд... барои хонасозӣ.
Боз печонду ба дасти зан дод амонатро ва ягон хел фикру андешаашро нагуфт. То омадани Халил печи онро накушод.

пешина
аз 378
навбатӣ