Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Садои рўд баландтар омад. Чанде дуртар аз ў ғур-ғури гуфтор меомад. Аммо ҳарферо рўшан намешунид.
Баргашт ў: «Сабр бикун, сардор ҳамаашро мефаҳмонад.»
Ва сардор чизе нагуфта аз ин мошин гузарониданд ба мошини дигар. Ғур-ғуру ҳарф як буд, аммо садоҳо дигар: ё даҳонашонро дошта сухан мегуфтанд ва ё баста буд биниву даҳонашон ва махсус овозашонро дағал, ғайритоҷикӣ ва ё рустойӣ мегардониданд.
«Ин муғула зиёд пойидем... аз як моҳ ҳам зиёд... Ина, ба қап зад...» Арго доштанд махлут ва ба кадом қабила нисбат доданашон лоимкон буд.
Мошин ба роҳе гашту лангар хўрд; ҷўя-ҷўя мерафт. Гўё ҷўяҳои пахтазор буд. Дар чунин роҳ ҳам қарор надошт. Мерафту мерафт. Ба тахмини Ҳаким тамоми шаб роҳ рафт ва ҳеҷ ба манзил намерасад. Яке ба роҳи белангар баромада андаке рафту қарор гирифт.
«Ина, командир, овардем!»
Аз мошин фурўд омаданд. Ҳамроҳи паҳлўи чапи Ҳаким намефуромад. Яқин пиндорад, ки бо чашми баста ва пойи латхўрдаву ларзону хаста гурезад... Аммо ў нагурехта, аз мошин фуроварданд.
Аз дасташ дошта по ба по бурданд. Садои кушода шудани дари оҳанини зангзада баромад. Ҳамроҳи ношиноси даст ба дасташ пеш кашида аз дар даромад. То ҳол дар дасташ ишкел буд, инак ба пояш кишан зада, дар пояи симкати кунҷи хона қуфл карданд.
— Кистӣ?
— Абдуҳаким...
— Валади кӣ?
— Валади Абдуҳамид.
— Холиқуф нестӣ?
— Холиқуф.
— Чаро дурўғ гўйӣ?
— Дурўғ не... Холиқ номи бобом. Падарам Холиқов Абдуҳамид.
— Кофир шумо.
— Не, командир, падарам ҳоҷӣ Абдуҳамид.
— Чӣ, чӣ гуфтӣ?
— Падарам ҳоҷӣ Абдуҳамид.
— Командир, гуфтӣ?
— Бале, командир.
— Аз гуҷо медонӣ мара?
— Дар роҳ гуфтанд, ки туро танҳо командир мепурсад.
Дами командир дарун зад. Андеша дошт, ки азоб дода матлабро фаҳмонад ва ё рўйирост гўяд? Аммо чунин командирро бадном кардани хидматгорони роҳзану каллабураш ўро хуш наомад. Дандон соид: «Сари ҳамата худам мегирам!» дар дил аҳд кард.

пешина
аз 378
навбатӣ