Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зери обу арақ монд ў; обу арақ аз сару гардан шорида, танро мешуст. Боди аз тирезаҳои кушоди мошин даромада ҳам тафси ҷисми ларзони ўро тасаллӣ намебахшид. Ҳар гоҳ даст бурда сарпўши пардаосоро барандохтан мехоҳад, аммо дастони ишкелзадааш имкон намедиҳанд ва ё одамдуздон намегузоранд, ки чашмонаш боз гашта, онҳоро бинаду шиносад. Дил ба танг омад.
Ҳам аз пардаи сиёҳ ва ҳам аз чунин нофаҳмиҳо. Зеро медонад, ки оқибати хуш надорад...
Аз рўйи рафти мошин, кайҳо бояд аз сарҳади шаҳр гузашта бошад. Зеро чашмаш баста бошад ҳам, аз ҳаракати мошин пай мебарад, ки аз назди гараж баромада аввал ба рост гашт, боз ба рост гашт, бо роҳи ҳамвор на, балки зинаҳоро дук-дук фуромада ба ҷое баромад, ки ҳеҷ гоҳ ў бо чунин роҳҳо нарафтааст. «Чапғалат мезанад». Чун ҳама андешаҳояш ин фикрро низ гуфта наметавонад.
Вале гуфтугўи паст ва кинояҳояшонро хуб мешунавад: «Пулаш бисёр. Пахтаи шаҳри Тусро ҳаминҳо мебаранд.. Корҳои дигар ҳам доранд... Тақал мекунад...» Гумонаш ўро тарафҳои Қубодиён мебаранд, ки боз гармтар мешавад мошин. Баъди дуру дароз гаштан мошин дар ҷое қарор гирифт, ки Ҳаким садоеро намешунид ҷуз садои об. Овозе омад: «Моҳӣ қапида метониста бошад?»
Ва Ҳаким дасту дил шуст аз олам. Ҳеҷ чиз нагуфта, ҳеҷ чиз надониста, падрўд мегўяд гетиро. Зеро маънии «моҳидорӣ»- ро медонад. Сурфид.
«Гап дорӣ?» – нафасе расид дар бехи гўшаш.
Ҷон дамид дар танаш: «Об...»
«Шояд шароб хоҳӣ?»
«Не, об!»
Муште ба паҳлўяш зад: «Сабр, андаке сабр... Аз об сер мешавӣ...»
1 Маълум, ки ишора ба чӣ мекунад.
Асир он қадар зери обу арақ монд, ки гумонаш тар кард.
Каси дар паҳлўи чапи ў нишаста, ки аз мошин набаромада буд ва тафсу нами тани ўро эҳсос мекард «Чӣ шуд?» гўён оринҷ зад.
Ҳакими дасту дил аз дунё шуста бо садои омирона пурсид:
«Шумо чӣ мехоҳед аз ман?»
Ў хашм гирифт ба асир ва мушти сахт ба сараш кўфт: «Сарат задагияй? Гапа намефаҳмӣ? Ҳукми мурдара дорӣ...»
«Барои ҳамин аз шумо мепурсам, ки чӣ хизмат кунам?»
«Сабр бикун...»

  1. Ба рўде меандозанд, ки моҳиёнаш ба одамхўрӣ одат кардаанд Аз мошин фуромад ў.
пешина
аз 378
навбатӣ