Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дорад! Мо медонем...
— Маро озод бикунед. Ҳамроҳам рошед. Ҳар қадар молу пул дорад, медиҳад... Ҷавонмард аст.
— Мард бошад, биораду барад... Гап мезанӣ қатиш?
— Не!


Зери тирезаи корхонаи онҳо садои изтиробангези сигнали мошини шинос баромад. Халил аз тиреза нигарист. Дар зери акси рўшании моҳчароғҳои Хиёбони марказӣ, ки чанде пеш аз номи Ленин ба номи Рўдакӣ, гашта буд, мошини сурхи тамғаи «Нексӣ»-и куриёиро шинохт, аммо касеро, ки қуфли дари онро маҳкам мекард, нашинохт. Аз нури пасти чароғи болойи дари даромадгоҳ шиноси ношинос намуд он кас, аммо Ҳаким набуд.
Дили Халил раг заду таҳ ва паси дари даромадгоҳи хона ҳозир шуда буд, ки занги дар садо баровард. Халил аз чашмаки дар нигарист. Воқеан ношинос менамуд ў.
«Кӣ?»
«Ман. Ҳамсояи Абдуҳаким»
Номро пурра гирифт ў. Халил дарро кушод.
Ранги рўйи марди нимшинос канда ва бисёр осема менамуд.
— Абдуҳакимро бурданд.
— Кӣ?
— Ношиносҳо. Аз назди гараж...
Ва калиди мошинро дароз кард ў.
— Шумо кистед?
— Ман ҳамсоя. Ягон бор назди гаражи Абдуҳаким буда бошед, рў ба рўяш як болохона ҳаст, ки мошин буроварда мондаанд...
— Ҳа-ҳа...
— Ман соҳиби ҳамон мошин. Шабҳо даруни мошин хоб мекунам. Бедор будам. Аввал мошини Абдуҳаким омад. Пеш доду қафо; ба даҳани мошинхона рост кард. Акнун дарро кушода буд, ки чанд тан аз пушту паҳлўи гараж дарафтода, ўро маҷоли доду фарёд надода сарашро ба сари чанбари фармон пахш карда ва ба сараш халта андохта, берун кашида ба мошини дигар шинонда бурданд. Мошин даргирон буд; чароғи сақфаш ҳам. Ман ки ҳамсоя ҳастам, ҳамроҳаш ба корхонаи шумо омада будам, таваккалан омадам, ки шояд ин ҷо бошед.
— Рақами мошинашро надидед?
— Рақам надошт. «Жигули»-и 06-и сафед буд... Озмуд кардам, ки як нафараш риш дошт.
Халил ба Эшони ришдор нигарист. Ранги рўйи ҳар ду канда буд.
«Оббооо...»

пешина
аз 378
навбатӣ