Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар рўшании чароғи долон чеҳраи мард хуб менамуд. Риши дамида дошт ва дар либоси хонапўшак оддӣ, содда ва тоқии сабзи хачакшикаста куҷойӣ будани ўро муайян мекард.
— Абдухалил, ука, ман шумоя мешиносам... Номи ман Маъруф...
— Шинохтам, ако. Дар хонаи Абдуҳаким дида будам. Гузаред, шинед... Мошин ба кадом тараф рафт?
— То роҳи калон нури чароғашро дидам. Баъд ғайб зад.
Ташвиши Халил зиёд шуд ва ҳар лаҳза аз мағзаш мегузашт, ки ба зодагон чӣ мегўям? Зеро... зеро доғи Абдуҳалим кўҳна нашудааст... Аз хусуси ҳамсояи Ҳаким низ фикр мекард, ки чӣ касе бошад. Зеро дунёи тоҷикон, бавижа зиндагии шаҳр ва одамони он дигар шудааст, кас намешиносад. Ҳамсояҳо, худиҳо рафтанд, музофотиҳо омаданд. Ҳар касе корчаллон буд ва пул дошт, маҳаллаҳоро харида гирифт, инак мефурўшад ё иҷора мемонад ба бегонагон. То тозаву обод мегардад, ки хеле вақт мегузарад. «Мабод, ки...» На. Гуфта наметавонад Халил. «Ин мард аз дилсўзӣ, шиносойӣ, одамгарӣ ин корро карда бошад... рўсиёҳӣ мемонад.»
— Намедонам, ба шумо чӣ некӣ кунам?
— Иншооллоҳ, пайдо шуда ояд, некиро аз худаш мебинем...
— Ташаккур...
Бародар сар ба каф гирифт. Сараш мисли каду гашт як лаҳза ва баъд ба худ омада ба ёрону бародарон занг зада ҳамин қадар гуфта тавонист: «Ҳакимро бурданд...»
Ҳоҷати шарҳу эзоҳ набуд; чӣ ранг доштани замонаро ҳама медонистанд. Дар ин рўзҳо ҳамин қабил калимаҳоро мешунидед:
«Куштанд, сўхтанд, бурданд...» Ва яқин карданд, ки ҳар кӣ ўро бурд, кушт. Зеро мошинро неву худашро бурд. Пас берун омаданд аз корхона ва кўчаи Носирро равон гашта, хиёбони Рўдакиро бурида гузаша, аз паҳлўи бинои мактаби олӣ гузаштанд. Роҳи нимсохтаи бетонӣ, ки ду канораш партовгоҳ шуда буд ва дар ин рўзҳо ифлостарин ҷойи маркази шаҳр ба шумор мерафт, яке аз мурдахонаҳои зери осмони кушод буд; мурдаҷўён гумкардаҳояшонро аз ин ҷо сар карда меҷустанд. Зинда ва ё мурда будани Ҳакимро низ аз канори ин роҳи васеи замонавӣ, вале чун умри ҷавонмаргон ниҳоят кўтоҳ ҷустанд.
Торик буд. Ва ҳар балое, ки дар шаҳр намегунҷид, ба ин ҷо партоб мекарданд; аз ҷумла мурдаҳои партобро. Ду канори роҳ монанди хамири расида дамида, аз гўшаҳои бардоштаи роҳ боло шуда, рўйи роҳро ҳам ифлос карда буд. Дар зери нури чароғи мошин мурда меҷустанд онҳо. Мошини дигар омад берақам. Дар хамгашти шоҳроҳ қарор гирифт. Чароғашро хомўш кард. Андаке истод ва баргашта рафт бечароғ. Аз заправкаи бекас гузашта чароғ фурўзон кард. Онҳо саросема шуданд. Он ҷоро хабар гирифтанд...

пешина
аз 378
навбатӣ