Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ба сӣ қадам мемонад.
— Неее, одами бурдаашон мўйсафед буд.
Ба тани Халил ҷон даромад ва теғ кашида ба зани фаҳўл нигарист. Марди масъулу огоҳ аз ҳолу таги дили Халил огоҳ гашт, ки рў ба зан овард.
— Апа, сад бор гуфтам, ки пешхезиву пешпаррон макун. Мон, даромада бинанд... Аз толеашон... Марҳамат, бародарон, мурдахона дар таг; дар зерхона...
Онҳо бо зинапояҳо мефаромаданд. Халил эҳсос мекард, ки чӣ дигаргуниҳое дар вуҷуди ў радду бадал мешавад. Ҷоне, ки оне пеш аз пешвозу хабари зан аз танаш бадар рафта буд, ҳолиё бозомад.
Арақи танаш хушкида, дар пойҳояш мадоре пайдо шуд. Вагарна бо чунин ҳолу аҳвол ин зинаҳоро фуромада ва ҳар мурдаи дар пояш рақам бастаро рўгардон карда, дида наметавонист. Бо вуҷуди андаке ба худ омаданаш, гоҳи аз миёни мурдаҳо мурдаи бародар ҷустанаш боз арақ пахш кард аз ҳаяҷону андешаи зиёд, ки ана-ана Ҳаким «Мана ман!» гуфта аз зери кадом мурдаи бесоҳибу хору зор рухи сардашро менамояд ва ҳамон хел хандон аст, ки доим дар лабонаш ханда буд. Як бино он тараф Ҳаким дар Донишгоҳи Тиббӣ таҳсил мекард ва ҳамин роҳи омадаи онҳоро хандон мерафту хандон меомад. Беҳтарин айёми ҷавониаш дар ҳамин ҷо гузашт... «Ҳозир мебарояд...ҳозир...Ана ҳаминро чаппа гардонанд.... Қаду басту лоғариаш монанд...» Рў гардониданд.
Зардинаи лоғар. Дар сари синааш – ҳамон ҷое ки андарунаш дил метабид, як тир задаанд. Доғи хун дар қолаби тир. Гўё тир андармон гашта дар гўшт нагузоштааст хун бурун ояд. На, ин Ҳаким нест... Он ҳам Ҳаким нест. Ин хеле ҷавон...Бистсола будагист. Аз сару либосаш маълум, ки писари кадом сарватманд. Зокир аз мурда наметарсидааст, ки тез-тез мурдаҳои пасрў хобидаро рўгардон мекунад. Дигаронаш низ мурдаи Ҳаким нестанд.
«Худоро шукр... Сад бор шукр... Сад ҳазор бор шукр...»
Халил ба гўшаҳои мурдахона нигарист, ки ҷое бошад, каме шинад; ақаллан як бор вазнашро партояду хезад, то ба худ ояд.
Зеро нерўе дар ҷону танаш намонда, пойҳояш меларзанд. Ва шукр мекунад, ки мурдаи бародарро пайдо накард. Аммо аҳвол чунин бошад, дигар мадори ўро ҷустуҷўй кардан надорад. Ҳолиё ҳамон кўҳистониеро монад, ки фарози Зонушиканро то нисф баромада, дигар ҳанги қадам мондан надорад; зонувонашро бо кафи дастон доштаву молад ҳам, зўри баромадан надорад. Ҳамон кўҳистонии тахтапушт бар шах такя гузошта барин кунҷаке нишаста, пушт ба девор гузоштанист.
Чӣ пайхас карданд, ки Эшону Зокир аз китфонаш дошта сўйи зинапоя бурданд.
«Зинда... Ҳоло зинда барин...»

пешина
аз 378
навбатӣ