Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Кашидаву кушода зад командир Ҳакимро. Гўшаш ҷаранг заду худаш ба замин афтид. Лагадкорӣ кард ў.
— Ман тура пул пурс гуфтум! На, ки «Хутта ҳитиёт бикун!»
Боз зад; чунон зад, ки Ҳаким аз ҳуш рафт.
Ба худ омада хонаро дид, баланду бетонӣ. Дар гўшае як сатили кўҳна, оҳанкат ва пояш дар ҳамон кат занҷирбанд. Ишкели занҷир қуфл дорад. Дигар чизе нест. Аз роғе, ки ангуштарӣ барин метобад, нур даромада хонаро андаке равшанӣ мебахшад ва дар тори нур чангу ғубор бозӣ мекунад. Тори нур дар чашмаш, аммо берунро дида наметавонад. Қариб ҳама ҷояш дард мекунад; лат кардаанд. Хуб нигоҳ мекунад, ки ин хонаи бетонии кўҳна ва дараш оҳанин чӣ ҷое бошад. Зеро андарунаш ягон чиз нест. На ба идора мемонад, на ҷойи обкашқубурҳо, на ҷойи куш, на особу обҷувоз; ба ягон чиз намемонад. Ҳатто ба қаровулхона намемонад.
Лекин баландии девораш ва сақфаш аз дигар хонаҳои маъмулӣ болотар. Торик. Агар ҳамон танга барин сўрохии паси девор набошад, зиндонест, ки Ҳаким дар куҷое хондааст. Дар аҳди амирони манғитӣ чунин зиндон ё обхона буд. Домулло Айнӣ тасвир кардагӣ ба назараш... Танҳо гоҳе ки дарро кушода, назди Ҳаким медароянд, рўшан мешавад, аммо Ҳаким аз паси пардаи сиёҳ намебинад. Ҳоло парда аз сару чашми ў афтида, вале ў намедонад, ки ба кадом роҳ. Шояд зада афтонда бошанд ва ё аз сар бадар оварда рангу рўйи мурдаосои асирро дидан хостаанд. Ба ҳар ҳол ин ҷо зиндон.
Садое намеояд. Рўшан ҳам нест, ки бино посбон дорад ё не?
Ягон кас паси дари он менишинад ё не? Ўро ба ҳоли худ гузоштаанд ё аз чаҳор гўшаи девор мепоянд, ки яҳудии доно барин нагурезад.
Ду-се бор пояшро кашид, ки аз ҳалқаи занҷир барорад, набаромад; дар ошиқи пойи лоғараш дар мемонад ва пошна ҳам азоб медиҳад. Чанд рўз нахўрад, шояд харобтар шуда лағзад.
Шиқир-шиқири қуфлу калид баромад. Ў зуд каллапўши варзишгарон мепўшидагиро, ки як тарафашро кушойӣ, ҷилди лўла мешавад, ба сар кашид. Дароз ёзид. Дарвоза боз шуд. Нур даромаду ҳаво. Вале касе бошад, зуд пўшид онро. Ором буд. Ҳарфе намегуфт. Садои зарфҳои шинос мебаромад. Як бор сурфид.
Чун аз асир ҳарфе нашунид, пештар омада гуфт:
«Гушна монӣ, ина нон, ина об, ина тухмбирён... Ё ҷўшондагиша дўст дорӣ?»
«Ман дар куҷоям?»
Посух нашунид. Боз дарвоза андаке рўшанӣ карду торик шуд ва садои қуфлу калид баромад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо