Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Гап мезанӣ бо...
— Не.
Боз ғазаб кард командир ва таппончаро сўйи асир рост кард.
Аммо пешкор худро ба миёна андохт ва хомўш ангушт ба лаб ниҳод. Ва ўро сардор ишора кард, то чизе ба асир фаҳмонад.
Вай аввал сурфид (шояд барои ҳушдор кардани асир бошад), баъд лаб фарогўши вай бурда, фармуд: «Аз осмон афтидӣ?
Замонара намедонӣ? Тую ман накун бо командир. Ҳозир дунё дар дасти инҳо. Ҳар чӣ хоҳанд, мекунанд: хоҳанд кала меоранд; хоҳанд, арусак аз бағали шаҳ меоранд; хоҳанд, тура сар медиҳанд; хоҳанд, сар мегиранд. Ҳар кор андоза дорад. Хонай момит, ки ноз мекнӣ? Як ту афтодӣ ба дасти инҳо? Бахтат будай, ки ба дасти чунин командир афтодӣ. Дигар командир мешуд, як тир дар гушат мезад, на ту рўйи ура медидиву на у руйи тура. Чӣ худта пул аз ҷон ширинтарай? хойӣ, пулра пайдо мекнӣ... Ата дорӣ, ача дорӣ?...Надорӣ?
— Шукри худо...
— Дидор дар қиёмат монад, хубай?
— Не.
— Ина, дидӣ... Гап зан аката.
— Худатон гап занед. Ҳар чӣ гўянд, ман қабул мекунам...
— Акат мега, ки ту медонӣ.
— Не. Ў калон аст. Бо падарам маслиҳат мекунад...


Вале бародар бештар ғам мехўрд, то падару модар нафаҳманд.
Моргазида аз ресмони ало тарсад. Зиёдтар аз Ҳаким бехобӣ мекашид Халил ва ҳар чӣ аз дасташ ояд, мекард. Аммо макони Ҳаким маълум набуд. Хату хабар нест ва касе намедонад, ў дар чӣ ҳол аст. Халил дар бадали як шаборўз он қадар харобу лоғар гашт, ки Ҳакими асир нашудааст. Ҳаким донад, ки зиндааст. Бо пул ҷонашро харидан имкон дорад. Халил ба ҳама чиз розӣ, роҳи корро намедонад. «Худоё, падару модарамро бохабар макун! Дар хобашон маандоз! Онҳо пештар аз мо ба балое гирифтор нашаванд.
Худоё, ту бузургӣ, бахшояндаи меҳрубонӣ... Ман нахоҳам, ки боз фарзанд ба гўр гузоштани падарро бинам. Худоё-Худовандо!
Худат донӣ!»
— А, Эшон, чӣ бояд кард?
Эшон ба рўйи ҳамкор нигариста, сахт ғамӣ гашт ва фақат тавонист, сар ҷунбонад: «Худо бузург аст.»
Ва боз хомўш монданд. Ҳамкорони дигар низ ҳамроҳи Халил чаҳор тараф роҳи халос кардани Ҳакимро меҷўянд, чизе пайдо нест.

пешина
аз 378
навбатӣ