Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эшон, ту баъзеи онҳоро мешиносӣ; лонаашонро медонӣ...
— Мешинохтам, дўстӣ ҳам доштам. Вале ҳоло бо онҳо рў ба рў истода намешавад. Медонам, лонаашон дар Ҳисор буд, Дар Южний буд, дар заводи орд буд, дар Док буд... Ҳоло аз он ҷойҳо рафтаанд. Ин тахмин... Шояд онҳо накарда бошанд. Шояд Ҳаким замоне бо касе гапаш гурехта бошад, он душман қасд ситонидан хоҳад. Аввал аниқ кардан лозим... Боз ба дилатон ягон гап наояд, баробарат мемурам... аввал муайян бояд кард. Дузд – якта, гумонбар – садта.
— Бадии кор ҳамин, ки чизе равшан нест.
— Куҷо равем?
— Ин кор дар қарибии дарвозаи Ҳисор рух дод. Шояд кори баччаҳои Васил ё Миралича бошад?
— Ҳеҷ чиз гуфта намешавад. Мо меравем, Абдухалил. Худат ин ҷо бош, шояд телефон шавад.
Онҳо аз дар набаромада занги телефон баланд шуд, вале ба «Ало! ало!» гуфтани Халил посухе наомад, балки «гуд-гуд...» кард.
Сару рўйи ўро арақ фаро гирифт, ки ҳама гуноҳ ба сараш бор гашта, пахш мекард ва ҳушдор медодаш. «Чунин рўз ба сари ҳар сокини шаҳр метавонад биёяд». Эшону Ҷўра ва як рўзноманигор дами дар баргашта чашм ба Халил ва гўш ба занги телефон доштанд, ки чӣ меояд. Халил гаштаву баргашта ба телефон менигарист, ки Ҳаким андаруни он пинҳон аст ва ҳолиё садо хоҳад дод.
Беқарор буд бародар ва ҳазору як фикру андеша ва тахмину хаёл аз сараш мегузашт. Дар миёни андешаҳои зиёд фикри «Ба падару модарам чӣ мегўям?» мағзи сари ўро сахттар ташвиш медод. Зеро падари пурандеш ва орому хамўш сарзанишро, дашномро, таънаву маломатро намедонад; овоз ҳам баланд намекунад. Балки сўйи кас пурмаъно менигарад ва баргашта нигоҳашро ба замин медўзад.
Халил ин рамзу маъниҳои ишораи падарро хуб мефаҳмад. Аммо баъзеҳо гумон мекунанд, ки ин падар дил надорад, дошта бошад ҳам, намесўзад фарзандро. Аз ин рў писар падархудои хешро сахт парастиш дорад ва андеша мекунад, ки ҳама мардон чунин бошанд. Зеро танҳо ў медонад, ки аз дили падар чӣ мегузарад.
Модараш ҳам хуб медонад ва баъзе чизҳое, ки Халил дар бораи падар намедонад, модараш медонад. Аз ин рў шў барои ў кўдак аст: парваришаш бояд бикунад...
Ў ёд надорад, ки телефон ҳам ин зайл пуртаҳлука ё боизтироб садо баланд кунад. Ё ба мағзи гирифтораш чунин сахт расид?
«Ало-ало!»
Боз қатъ гашт садо. Ў парешон шуд. Ҷуз занг дигар чизро мунтазир набуд. Ба телефон менигарист. Рақам меҷуст. «Берақам»
навишта шуд дар оинаи зангдасташ. Аммо ў ҷиддӣ ва бо таваҷҷўҳу умед менигарист, ки аз он ё садои занг мебарояд ва худи Ҳаким намоён мегардад.

пешина
аз 378
навбатӣ