Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ранги рўйи Халил тароватеро надошт, ки ҳама вақт озода, тоза ва тарошидариш мегашт. Аммо ҳоло ба яке аз ин чизҳо эътибор намедиҳад ва риш доштанашро ҳам фаромўш кардааст. Ғамаш гаронтар аз кўҳ. Хўру хоб надорад. Ҳама ону лаҳза пеши назараш чеҳраи падару модар, ҷасади тирхўрдаи Ҳалим ва чеҳраи хандони Ҳаким меояд...
Аммо он ҳайкали назарнамои миёни майдони бўстонсаро диққати ўро сахт ҷалб кард ва аз дур муайян карда натавонист, ки санг аст, оҳан аст ё тан? «Ноҷо набувад дар боғи олимон гузо-
1 штани чунин муҷассама. Шояд аз Абў бошад?» Сонӣ рухсат шуд ба пеш рафтан. Халил ҳамон ҳайкалро дид карда мерафт. Аммо аз ҷониби рост як нафари низомипўши ғуммача миёнбур омада пеши роҳи онҳоро гирифт.
— Қумондон, нағзӣ? – пурсид Саидбек ўро шинохта.
— Куҷо?
— Мо пеши худат омадем, қумондон. Лекин гуфтем аввал Ҳазратро зиёрат кунем.
— Бо Ҳазрат рў ба рў шудан имкон надорад. Мебинӣ, Худовандро ниёиш дорад.
Ишора ба ҳайкал буд. Халил дурусттар нигарист, ки Ҳайкал даст ба дуъо бардошта сўйи Осмон, рў ба қибла ва нимаи паҳлўи росташ ононро менамояд. Ҳайкал ришак кашида дастон нишеб кард ва оҳиста рў сўйи дарвоза гардонд. Як одами муқаррарии ришдор ва амомабасар буд, ки ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб надошт. Баъд Халил ба худ омада пурсид аз хеш: «Чаро ба назари ман ин қадар боҳашамат тофт? Шояд муродам бо кўмаки ў ҳосил шавад?»
— Чӣ овард шуморо ба ин ҷо?
— Бародарам, ана бародари ин касро қумондон, бурдаанд.
— Бурдаанд?
— Ҳамин хел, қумондон. Бурдаанд.
— Куҷо бурдаанд?
— Маълум не-дия, қумондон. Назди шумо омадем, ки...
— Чӣ ном дорад бародарат?
— Абдуҳаким.
— Абдуҳаким.. Неъ. Ҳичӣ намегўд. Номи худат чӣ?
— Абдухалил.
— Эҳ! Бояд тура мегирифтанд, буродарата гирифтанд?
Халил хаёлан қадаме аз ў дур шуд ва посух додан нахоста, бал ғазаб кард, то муште ба даҳони ин даррандаи хунхор занад.
Таппончаи дар камар задааш дар дасти ў бошад, ки аз даҳонаш парронад. Аз чунин андешаи хеш ба худ омад, ки дунё дар дасти ҳар зўре бошад, баддидаашро чунин мекардааст: ё аз даҳонаш
- Яке аз фарзонагон Абўабдулло ё Абўалӣ мепарронад ё ба чашмаш тир мезанад; ё мефармояд пўст кананд ва ё ба оташ андозанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо