Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Диёри хеле обод. Замоне ҷойи оромиш ва осоиши шаҳрнишинон буд, ки ҳавохўрӣ меомаданд. Бўстонсароҳо месохтанд. Академияи Улум ҳам бўстонсарое дошт, ки бо рухсату роҳхат омада дар ин ҷо шабе ё моҳе кормандон корҳои фикрӣ ва фароғат мекарданд. Ҳолиё ҳамин бўстонсаро чун дигар бўстонсароҳои дараҳои атрофи Душанбе ба дасти қумондонҳо гузаштааст. Чанорҳои азим, сафедорҳои сар ба фалак, маҷнунбедҳои кокулпўш ва сарву санавбарҳои сиҳӣ ва гулу гулбуттаҳои аз мамолики олам оварда, ҳавзу истахрҳои зебосохт ва бисёр ороишҳои ранга ҳуснафзо гаштаанд ин мавзеъро.
Баробари зери чанорҳои сабзу баланд ҳозир шудани мошини назарногири Зокир боди форам ва ҳавои серуну ботаровати он ҷо рўҳу танро ҳаловат бахшид. Аммо ин чиз аҳамият надошт; билхоса Халилро. Ҳушу ёди ў банд буд ба илоҷи кори бародар.
Маълум, ки баталйион баъди ҷангҳои тўлонӣ ва бемақсаду содалавҳона шалпару мефара гашта дам мегирад ва ҳолиё ҳамин маъвои биҳиштиро ҳифзу ҳимоя кардан мехоҳад, ки нохалафи дигаре сар нахалад ва пойи номуборак ба боғи мину нагузорад.
Баталйион беҳтарин ҷойи мурод дониста, баргузидааст ин боғро, то худаш гунҷаду мошинҳои ҷангӣ низ. Дарун ва беруни сароро танку БТР, мошинҳои ҷангиву одамкаш, мошинҳои сабукрави қумондонҳо фаро гирифтааст то соҳили рўди Кофарниҳон. Сафсафу фавҷ-фавҷ сарбозон ҳам дар роҳравҳои кушоди бўстонсаро машқ мегузаронанд.
Мошини номатлуб ва аз харошу тарош ва бархўриҳои зиёд берангшудаи Зокир дарбонҳои саройи ҳарбиро хуш наомад, ки автомат дар китф пеш омада «Мошинатро дур бар!» гўён канори чапи роҳро, ки аз ҳудуди бўстонсаро дуртар буд, ишора кард.
Саидбек аз чунин муомила пеши ҳамраҳонаш сурх шуд ва ба он сарзада рў овард:
— Мо ба назди қумондон Намоз омадем.
— Қумондон намоз мегузорад...
Дер истоданд ва Саидбек по мезад, ки кай ў намозашро тамом мекунад.
— Дур биист, ака...
Оне, ки мўзаҳои гаронро ба назар кашолакунон ва заминсо, камон дар китф ва либосҳои барги чинор дар бар дошт, вазнинвазнин сўйи саройи сардор рафт. Радиои бўстонсаро бо тамоми овоз баланд садо медод: «Фардо, рўзи ҳисоб ба ҳама гуфтору рафтору кирдоратон ҷавоб хоҳед гуфт. Намоз бихонед, рўза бигиред...»
Сарбоз ҳамон зайле, ки пойафзор ба замин задаву кашола карда рафта буд, бозомад. Бе ҳеҷ сухан дарвозаро кушод, то дароянд.
Аммо даруни дарвоза тану либосашон дастмол карданд, то чизи хавфоваре набошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо