Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Вале хаёле сари Намоз ҷунбид. Пасон Ҳазрат як нафаси дароз кашид, ришак кашид. Оруғи сахт дод. Хилол кард ришро ва мад кашида афзуд:
— Шумо беҳуда бо ин роҳи пурхатар намеоед. Ё барои озмуду санҷиш омадед ва ё ҳоҷате ҳаст.
Халил ба Саидбек нигарист. Саидбек сар андохт, то Ҳазрат чизе пай набарад. Пас сар бардошта ба қумондон, ки нўки нохун ба дандон мехоид, ба маънии «чӣ бояд гўям?» зеҳн монд.
— Ино худта, Ҳазрат, аз ҳад зиёд ҳурмат мекунанд. Ана иш буродар гум кардай.
Ҳазрат даст ба дуо бардошт: «Худоё, буродарони аҳли исломро дар паноҳат нигаҳ дор!»
Гуфтори Ҳазрат аз гуфтори ҳамаи дар баталйони ў буда ва дар даставу гурўҳу қисмҳои дигар фарқ мекунад. Порсигўст ва бештар калимоти арабӣ истифода мекунад. Вале ҳолиё пурсу посухи муаддабонааш касро водор месозад, ки набояд аз чунин касон бадӣ пеш ояд. Зеро бо роҳи мусулмонӣ мераванд ва рафтору гуфтору кирдорашон набояд аз таълими «Қуръон» бурун бошад.
«Ё Оллоҳ!»
Ин ҳарфи аз ҳама писанддидаи Ҳазрат, ки миёни ҳар гуфтор ё рафтор такрор мекунад. Тасбеҳи саду як донаи зумуррадгунашро бозӣ медорад ва донаи он ба шумурдан кам намешавад. Ҳамин зайл тасбеҳ дар дасти Намоз ҳам ҳаст, аммо мувофиқи қаду басташ сиву се дона дорад. Ҳазрат гоҳи дона гардонидан калима мегўяд.
Гоҳи сухан гуфтан ҳам донаҳо мегарданд.
— Қумондон... – Халил чизе гуфтанӣ шуд қумондонро. Саидбек оҳиста пойи ўро пахш кард. Халили зирак дарёфт, ки пеши сухани Ҳазрат ҳарфе гуфтан имкон надорад. Аммо ин замон худи Ҳазрат таги дили Халилро пай бурдагӣ барин рў ба қумондон овард:
— Инора ҳоло иҷозат бидеҳ. Фардо биёянд.
Ҳазрат боз чоряк давр ба чап тоб хўрда, рў ба қибла ё ҷониби Душанбе овард. Даст сўйи осмон бардошт. Дар теғи офтоб ба чашми Халил ҳайкале тофт, ки ҳанўз парда аз рўйи он набардоштаанд.
Ва инак ҳамон ҳарфе, ки Халил дар назди Ҳазрат гуфтанӣ буд, мегўяд.
— Буродар қумондон, намешавад, ки корро ҳамин рўз ҳал кунем?
— Ин арматурра мебинӣ? Тахтаҳора мебинӣ? Ман бояд инора барам. Устоҳо нигарон...
— Мо хизмат мекунем, қумондон.
— Пагоҳ биё, ман муайян кунам... Лекин аниқ медонам, ки Холиқ ном ҳаст. Ту хушбахт будайӣ, бачча. Ман Халилра биёр гуфта будам, баччаҳо Холиқра овардаанд... Лекин пагоҳ биё.
Чунки ман одам мефиристам, дар камера сураташро гирифта меорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо