Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агар ҳамон буродари ту бошад, шиносӣ, баъд гапзанон мекунем. Ага не, ин гапҳо пуч... Баъд дигар он ҷо мерем, нагўй...
Медонӣ он ҷо кӣ ҳай? Худта бинанду шиносанд, хом мехўранд...
Хубаш бирен, пагоҳ бен...
Асир, ки роҳи аз пой бадар овардани ҳалқаи занҷирро ёд гирифта буд, дунбаи шўрборо ба пой молид, ҳалқаро низ равғанин кард ва бо усули омўхтааш занҷири асоратро, ки мардум фаромўш карда буданд, дур андохт. Ҳанўз торики торик нашуда, симкатро боз ба девор рост гузошт ва ҳар қадар кўрпаву болишт буд, тори пояи дар ҳаво истодааш бор карду баландтар намуд ва оби чандин вақт боз дар баклашка истодаро ба даст гирифта тори он баромад; бори дигар лойдарбеҳро даст-даст кард. Сонӣ тела дода мустаҳакамии онро донист ва низ аз дил гузаронд, ки симу оҳан дорад ё на. Кўба, ки набуд, мушт зад, кафи даст зад; тела дод, то дарз орад ё роғе пайдо гардад. Ба ҳар зарб ба назараш мушташ болотар ё фурўтар мерафт. Гарчӣ дар торикӣ намедид, хаёл мекард, ки бом дарз меорад. Мушт мезаду гўш ба берун медод. Мушт мезаду хаёл мекард, ки девор муш дорад ва муш гўш. Беэҳтиётӣ асрор ҳувайдо мекунад, накуштанӣ бошанд ҳам, баъди чунин қаҳрамонӣ мекушанд.
Дард кард дасташ. Бетонӣ метобад лойдарбеҳи пиндоштааш.
Чашмбанди ба ҳар эҳтиёт зери пой гузоштаашро гирифта бо як даст бар он дошт ва боз зад, ки ҳам дасташ сахт дард накунад ва ҳам садои зарбу девор набарояд.
Аз меҳнат, аз ҳаяҷон, аз кори беҳудаи дарди сар ё аз тарс буд, ки сахт арақ кард ва аз гушнагиву камзўрӣ буд, ки дасту пояш ларзид. Нишаст дар баландӣ. Ягон бор, ки чунин – дар баландӣ, муаллақ ва сохта нанишаста буд, табассум дар лабонаш, тахти шоҳӣ пиндошт, вале ба ин зайл тахти муваққатии беасос нафрат хонда, ба муқобили тахтнишинони тахташон сустбунёд ҳама қаҳрамонҳои аз ноилоҷӣ илоҷ сохтаро, ки медонист, ёд оварда, дамид худ ба худ; нерў гирифт. Баргашта сар боло кард, ки чашми сўзан метобад ё на. Берун ҳам торик гашта буд, ки нанамуд.
Чизи сахти хурдакак, тақрибан ба зарби чормағз ба сараш зада, сўйи замин парид ва андешаҳои ўро пароканд; воҳима гиронд.
Гумонаш, касе аз кору бораш бохабар гашта, ғурфа ё равзанаи сохтаро бардошта, ба сараш санг зад. Ба ҳар ҳол боло нигарист, ки ҳама чиз барҷост. Гумон ҳам кард, ки Халил суроғаро пайдо карда, рўйи бом омадааст ва ягона илоҷи раҳоиро дар ҳамин тарзи фикркардаи асир мебинад.
Вале ягон чиз маълум набуд; садое, шарфае, сарире нест. Ҳама ҷо хомўш, ором. Гўё маҳбас кадом замоне ҳамчун адабхона сохта шуда, ҳолиё бекор мондааст ва ин роҳзанҳо ҳамин ҷоро низ зери чашм карда ба суди хеш истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо