Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Радио ҳанўз ҳам панду андарз мегуфт. Аммо имрўз бод намевазид.
Хеле барвақт ҳаво тафсида куртаро дар бадан мечаспонд. Онҳо тар шуда буданд даруни мошин, ки ҳама ҳарорати он ба нишастгоҳ зада бошад. Ҳақиқати ҳол чунин ҳам буд, ки оби обдон ҷўшида, гармиаш аз байни тунукаҳои он ё печка дарун меомад.
Боз рухсат лозиму пурсуҷў ва муруввати Ҳазрат ё қумондон.
Имрўз навбати он мўзакашол набудааст. Дар пос касони дигар.
Аз ин рў лозим меояд, ки меҳмонон худро шиносонанд...
Қумондон тасбеҳ гардонда омад. Эзори сафеду сарипойӣ пўшида буд чунон ки дар хона.
— Омадед?
— Омадем.
— Нағз кардед. Будай. Дар дасти баччаҳо будай. Холиқ гуфтӣ?
Вай духтур будай-ку? Меган пахтафурушай.
— Духтур, қумондон. Донишгоҳи тиббиро хатм кардааст.
— Ҳамаш ба мо маълум. Лекин онҳо меган, ки як милюн биёраду барад.
— Ташаккур, қумондон... Лекин... лекин мо ин қадар пул надорем.
— Чӣ хел? Ҳамааш ба мо маълум, ки аз куҷо пахта мегиред, ба куҷо мефиристед.
— Рост. Лекин пули пахта аз они мо нест, қумондон. Ҳаққи корамонро медиҳанд. Моҳона.
— Бачча, хобата ба об гуй... Мо ҳамаша медонем.
— Ман дурўғ намегўям, қумондон.
— Ҳо. Дуруғгу – душмани Худо. Лекин, бачча, ман гапзанон кардам. Дуздон ба кам розӣ намешаванд.
— Ман як мошин, як хона ва каме пул дорам, садқаи сар...
— Морбозӣ накун, бачча.
— Ҳама чизамон аз они шумо, қумондон. Лекин зудтар илоҷи ин корро ёбед, ки...
— Мо ҳолӣ вақт накардем, бачча. Рафта сураташро оварда натонистем.
Ин замон Ҳазрат дар ҷойи муқаррарӣ, ки хокаш як газ аз сатҳи замин боло буд, пайдо шуд. Аввал рў ба қибла истод. Баъди оромии зиёд даст ба рў кашид, ки тасбеҳи зумуррадинаш кашол буд.
Сонӣ дарахтону бинову роҳро аз назар гузаронд ва дергоҳ чашм ба Осмон дўхт. Чунон ки чизе дида бошад ё садое шунида бошад, қаноатманд чун мутафаккири бузург ё ба сони хаёлпарасти беҳамто истод, ҳайат ва қиёфаи хешро бад-он мувофиқ сохт.
Тамоми ин муддат қумондон ба эҳтироми Ҳазрат пурсу посух, масъалагузорӣ ва сўҳбатро мавқуф гузошта ба рафторҳои инсони худотарсу худопараст ва росткору мусалмони ноб менигарист ва баробари даст ба дуо бардоштанаш ў низ «Омин!» гўён даст мебардошт, то дигарон низ даст бардоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор