Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Телефони дасти Халил занг зад. Як қад парид ва аз дил гузаронд: «Илоҳӣ занги Ҳоҷӣ набошад. Дилу ҷигарашон як лахт мондагӣ.» Ва телефонро ба хоҳар дароз кард: «Ман нестам». Хоҳар ашки резонашро далел оварда, гуфт: «Ман гап зада наметавонам...
Аз овозам мефаҳманд, ки...»
«Ҳоло не. Ба Комрон занг занед. Вай медонад... Пахтаи Қубодиён?»
— Худат ба чашмонат дидӣ, Абдухалил? – ба чашмони бародар сахт нигариста, нобоварона мепурсад хоҳар, ки ҳоло марги нофарҷоми Абдуҳалим дур нашудааст аз пеши чашмаш. Ашке, ки ҳолиё аз дидагонаш ҷорӣ мешавад, давоми ҳамон сиришк аст.
— Не. – Низ лабонаш ва танаш ларзида, муддатҳо баъд посух медиҳад Халил.
— Баъд бовар кардӣ?
Халилро гарон буд бисёр гуфтан ва ё ба ҳар пурс посухи аниқ додан; туфи чун ширеш дар гулўяш часпидаро фурў дода наметавонист. Гуфтан ҳам осон набуд: «Барои тасаллойи дили шумо мегўям. Вагарна ҳоло рўшание нест.»
Хоҳар гардани бародарро гирифта, гирист: «Ҳоло ашкам хушк нашудааст, Абдухалил...»
Абдухалил сари хоҳарро сила кард:
— Ў зинда, апа. Нияти нек кунед. Худо хоҳад, меояд, мебинед...
Ва дарвоза тақ-тақ шуд. Шарикдарси ҳисории Ҳаким омад.
Ба чашмони якдигар менигаристанд, ки кадоме сухани дарёфти Ҳакимро мегўяд.
— Пиёда рафта, пиёда омадам ба даруни пахтазорон. Ҳеҷ нишоне нест.
Халил сар ҷунбонд ба миннатдорӣ, аммо чизе гуфта натавонист. Лекин бисёр мехост, ки рўйи хараки дарвозахона барқад дароз кашад, то заҳри аз андешаи зиёд дар баданаш пайдо гашта оромаш гузорад. Барои он баданаш заҳр гирифт, ки муомила ва муносибати қумондонҳоро дид. Чӣ инсонанд ва ба чӣ умед доштани онҳоро дарёфт. Аз ин рў тори хараки дарвозахона як сў, дар болини пари қу ҳам хобаш намебурд. Тамоми шаб ҳам чунин буд; ба худ меандешиду мепечид, ки чӣ фалак зад тоҷиконро? Аммо сар мепечид, ки ин кори ў нест. Зеро ҷуз сўхтан илоҷи дигаре надоранд онҳо. Мулк дар ҳолати ногуфтанӣ қарор дорад, ақаллан бо сармоягузорони хориҷӣ ҳамкорӣ карда дасти мадад кашоварзонро, пахтакоронро дароз кунанд. Вале ин кор ҳам некӣ намеоварад; ҳосилаш ҳамин, ки пул гуфта Ҳакимро дуздиданд.
Бо чунин андешаҳои ногуфтанӣ, ки ҳосилаш дарди сар ва чашмони халтагашта ва ранги заҳир буд, бо мошини нимҷони Зокир, ҳамон чаҳор тан, рўзи дигар боз ба дари баталйон ҳозир шуданд. Ҳамон тартибе, ки рўзи гузашта дида буданд, қарор дошт.

пешина
аз 378
навбатӣ