Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз рўйи рўди Кофарниҳон пуле мегузашт, ки ҳама борҳои гаронвазни ба ГЭС-и Норак рафта аз тори он гузаштаанд, вале ҳоло намедонад, ки побарҷост ё таркондаанд. Ҳамин қадар медонад, ки сиҳҳату побарҷо бошад ҳам, мутлақо аз тори он гузаштан имкон надорад, билхоса шабҳангом. Ва ў ҳуҷҷате надорад ва ақаллан пуле надорад, ки дар гузаргоҳҳо ҳамчун гаравпулӣ ё ҷонпулӣ дода гузарад. Одамдуздон ҳамон шаби дуздӣ ҳама ҷайбҳояшро чаппа гардонда буданд.
Ёд меорад, ки тарабхонаи «Хайём» буд. Шабҳо барқ мезад.
Аз баландии нури чароғонаш ситораҳои осмон ба назар наменамуданд. Сайргоҳи ҷавонони бедор буд шаборўз. Ҳамон шоъири кўҳансол, ки ҳамроҳи бародаронаш ба дарёфти ў ҷонбозиҳо дорад, он ҷо маъракаҳо гузаронида буд. Хеле ошност он маъвою манзара.
Пасттар аз он роҳи оҳан ҳам мегузашт. Навъе карда хешро то он ҷо бояд расонд, ки рўз наздик аст. То он ҷо бояд расонд ва чун мор ё анкабуд лағзидаву печида бо тор ё зер; ба торҳои он часпида бояд гузашт. Вале то он ҷо чанд фарсах роҳ ҳаст, намедонад.
Акнун гурбавор пойида, санҷида, дониста ва оҳиста пой мегузошт, то муше ё мўре хабардор нагардад. Ҳарчанд дирангу таъхир ба суди ў набуд, оҳиста пой мениҳод, ба гирду гўша менигарист, ки ин қадар заҳмати кашидааш як пул нагардад. Агар дубора ба дасти Қории одамдузд афтад, пўсташро тулумӣ мефарорад.
Дар пеш дуртар як чароғак милт-милт мекунад, намедонад, ки чароғаки гузаргоҳ ҳаст ва ё пости милиса ё нозирони роҳ; ба ҳар ҳол дарак аз ҳаёт медиҳад. Бозистод. Пештар равад, дар дасти чап мағозаи «Олами кўдак» ва автовакзал ҳаст. На! Буд! Ҳоло намедонад чӣ мондааст аз он ҷойҳо. Агар монда бошад ва кўчаҳо пешбанд нашуда бошанд, ҳоҷати ба тарабхонаи «Хайём» рафтан нест. Ба гумонаш қатора ҳамин тараф меомад; бор меовард...
Ва ў миёни кўчаву хонаҳоро гузашта, соҳили Кофарниҳонро ҷўё шуд, то роҳи оҳанро пайдо кунад. Сиёҳие аз пеш пайдо шуд. Хеле паст менамуд. Одам, ҳайвон ё чизи дигар буданашро фарқ кардан душвор буд ва ягон амалу ҳаракат ҳам намекард. Ў ҳаросид. Пеш нарафт, ки сиёҳӣ бад аст. Шунида буд, ки ҷин дар шабҳои тор ва танҳойӣ ба шакли ҳар чиз аз пеш мебарояд ва ба кас ҳамроҳ шуда ҳар кори аз дасташ омадаро мекунад. На! Ў ягон кор накунад ҳам, худи кас аз маталҳои шунидааш дарс гирифта, метарсад ва яксара мешавад; бадтар аз он ки кушанд. Истод, андеша кард.
Бозгаштро раво надид. Вале дер нигарист ба сиёҳӣ. Ноҷунбон буд. Се бор «Ихлос»-ро хонда куф кард ва пеш рафт.
Сиёҳӣ ҷунбид. «Саг бошад, ҷакида маҳалларо хабардор мекунад.» Азми рафтан накард. Он сиёҳӣ боз ҷунбид. Ў пештар рафт.
Вай ба роҳ даромад. Сагро монад. Наздик омад. Мелангид он саг. Сепоя лангон-лангон чанде мерафту меистод ва боз мерафт.
Назди дарвозае намеистод ва дареро фўк намезад. Кўчаи дарозро мерафт.

пешина
аз 378
навбатӣ