Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Шояд худованди меҳрубон ҷонварро дар чунин шакл ба раҳнамоии ман фиристода бошад. Ҳар чӣ бодо бод... Мурдан бошад, мурдан. Чӣ ҳоҷати тарс?»
Сиёҳӣ сепоя мерафту меистод. Дам мегирифт. Як ба пас менигаристу боз мерафт. Мазмун, рамуз мегирифт, ки мусофири раҳгум меояд ё ба ягон дарвоза сар халонд. Чун медид, ки ў бар асараш меояд, боз лангида, сепоя мерафт.
Мусофир ҳам андеша дошт аз ҳолати ў, ки чаро як дасти ин саг нест? Ё зери чархи қатора монда ва ё осори ҷанги номатлуб аст.
«Ҳар чӣ бошаду набошад, аз он одамдуздон ҳазор бор одамтар аст. Аз паси ҳамин ҷонвар меравам. Ё ба ҷар мебарад ё ба ҷўй; ё ба оташ, ё ба лонаи даррандаҳо...
Чанде пеш Кофарниҳон лонаи даррандагон гашта буд. Бадном ҳам шуд... Баъди гирўдорҳо, тартумартҳо ва сўхтану пухтанҳо...
дар ин ҷо амон-амон шуд ва шаҳри Ваҳдат хонданд, адолат пойдор гардид. Аммо ҳоло чунин захмҳо рў нагирифтаанд. Маъюбу сарзада зиёданд. «Илоҳӣ назди ягон сарзада набарад...»
Сиёҳӣ мерафт сепоя. Ба машаққат мерафт. Ҳаким ҳанўз ҳам бовар накарда аз пайи он озмуда мерафт, ки тибқи афсонаҳо ба шакли дигар гардад ё на. Вале ҷонвар ё аз тарс ё роҳаш ҳамин буд, зўр задаву худро дар азоб гузошта ва шояд меҳмони нохондаро дуову сано карда ду пой аз ду паҳлўи дасти рост гузошта, бо силтав, такя бар пойҳо даст пеш меандохт; боз ончунон ҳаракат мекард ва ба назар ҷаҳида-ҷаҳида мерафт. Ҳар бори ҷаҳидан сараш лангар мехўрд, думаш меликкид, танаш меларзид; азоб мекашид.
Ҳаким намедонист ва фаросот ҳам намекард, ки ин чӣ пешомадест.
Ба ҳазору як тангкўча мерафт фикраш. Аммо сепой азоби зиёд кашад ҳам, ба ягон тангкўча сар нахалонда, рост мерафт. Рафтрафту истод. Рўйи роҳи пиёдагарде истод, ки кўча поён ёфт.
Ҳаким як пора нон гирифт аз ҷайб ва кафи даст дошта ба ҷонвар наздик омад. Нонро дароз кард. Ҷонвар гўш чур дошта гардан ёзида нонро бўй кашид ва нахуст онро лесид ва даҳон кушода аз дасти ў гирифт нонро ва думак зад. Аммо нонро нахўрда ба замин гузошт ва бо миннатдорӣ дум ликконд, ки пойҳояш низ меҷунбид, гарданаш, миёнаш ҳам. Навъе рақси шодиро ёд меовард.
«Ман миннатдор» гўё рафтанро фаромуш карда назди саг нишаст ва сарашро сила карда зеҳн монд ба дасташ, ки рост бурида буд.
«Тир гирифт?» Нигоҳ мекарду дум меликконд ва намедонист чӣ кор кунад бо ин марди раҳгум.
«Буриданд?»
Ҳалқа зад ба замин ва дасти кўтоҳро боло дошт.
«Мефаҳмам, ту ҳам маъюби ҷанг шудайӣ».
Поранонҳои дигарро низ аз киса баровард ба ҷуз як пора, ки шояд дар рўзи мабод кор ояд, назди саг гузошт. Ва рост шуда ба атроф нигарист. Чанд қадам поёнтар шабаҳи оҳанҳои пайваста ба чашмаш расид, ки пули қаторагузарро мемонд.

пешина
аз 378
навбатӣ