Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин чизро меҷуст ў. Дер нигарист. Атрофро аз назар гузаронд. Ба осмон нигарист, ба Парвин. Ситораи рўз ҳам баромадааст. Саросема шуд. Рў ба саг овард:
«Бояд туро ҳамроҳ мегирифтам... Чунон ки мебинӣ, имкон надорам. Аз ту батартарам. Завлона буд дар пойи ман... Хайр...
Нонро бихўр. Туро пайдо мекунам. Лекин ҳоло дигар ваъда даода наметавонам. Кош ҳама одамон мисли ту мебуданд. Хайр».
Беҳушона тохт ў сўйи пул ва надид, ки саги сепой ҳам аз пасаш меояд. Наздик ба пул расида қарор гирифт Ҳаким ва дам ба дарун гирифта гўш ба атроф дод, ки шарфае, садое меояд ё на.
Зеҳн монда нигарист. На диду на шунид. Пас шерона пойи рост пеш ёзонда монду пойи чап бардошт ва бо чунин иқдом пой тез кард ва пули оҳанинро чун гузашт, намедонад. Зеро хавфи марг ё ба даст афтоданро чашмдор буд.
Чизи дигар тарсонд ўро: аз пас оҳани пул ё болорчаҳои зери релс паст-паст садо медод ва ў худро паси сутуноҳани бузурги пул кашида, ба қафо нигарист, ки ҳамон сиёҳӣ сепоя ҷаҳида-ҷаҳида меояд. Як лаҳза чашм пўшида таҳаммул кард. Ҳам хашмӣ гашт ва ҳам завқаш омад аз вафои саг. Аммо чизе дар дилаш гиреҳ баст, ки новақт будагист шодиаш. Зеро ҳама назарфиреб аст ва шояд ҷине дар ин шакл бошад. Мурғак давид дар пўсташ ва як бор ларзид; беихтиёр ларзид, ки тарсро пазируфта бошад. Пас якбора аз саг рў тофта хешро шердил гирифт ва ду болорчаро як қадам карда тохт. Паридаву ҷаҳида мерафт, ки рўз наздик аст.


Тамоми рўз посўхта давид Халил, то пул ғун орад. Ва ҳама
шаб сар шикасту мағз об кард, ки барои бародарро умри дубора
бахшидан аз куҷо пайдо кунад он қадар пули фармудаи Ҳазрату
Қумондонро. Бошад, садқаи сари Ҳаким... Гоҳи маслиҳат ҳама
хешону коргарон розӣ буданд ба мошин фурўхтан; ёру бародарҳо
хонаҳояшонро ҳам фурўхта, баъди озод гаштани Ҳаким Панҷрўд
рафтанӣ шуданд. Вале Халил ягон роҳи халосии ба ақлу инсоф
мувофиқро меҷуст. Замин сахту Осмон баланд буд ва забони он
1
пурдидаҳоро ёфтан кори саҳл набуд. «Худоё, Ҳоҷӣ Бобо нафаҳманд, ки... Нигаҳ дор, Худовандо! Марги Ҳалим кифоя буд. Ин
бало сарборӣ шуд. Э, Худое... Як гурўҳаш мекушад, як гурўҳаш
ғорат мекунад, як гурўҳаш медуздад, як гурўҳаш мебарад. Худи ин
Дунё мисли Худо якто, вале ин қадар гурўҳу гурўҳчаҳо дорад, ки
дар ду Олам ҳам намегунҷад... Пагоҳ назди онҳо рафта намешавад. Пул ёфт нашуд. Ба назарам бонки Тоҷикистон ин қадар пул

  1. Халил падарро аз забони набераҳо чунин ном мебурд надорад, ки онҳо мехоҳанд...
пешина
аз 378
навбатӣ