Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Милиса аз даруни борхалта дастбанд бароварда, бе ҳарфу сухан ҷониби, ба қавли ў «қотил» дароз кард. Ҳаким чизе нагуфта ҳарду даст сўйи вай ёзид. Аммо милиса ҳалқаи як ҷонибро ба дасти гунаҳгор андохт ва ҳалқаи ҷониби дигарро ба дасти хеш баст: «Ҳар ҷо мерем, ҳардумон мерем».
«Нав поям аз кишанг халос шуда буд, ака...»
— Чӣ гуфтӣ?
— Маро зиндон карда буданд, гурехтам...
— Ин номерат намегузарат, ака.
— Номер не, рост. Маро зудтар ба милисахона бубар, ака, ҳамаашро мегўям.
— Худат куҷойӣ?
— Панҷрўдӣ.
— Да куҷо ин?
— Дар Панҷакент.
— Ҳооо, Рўдакӣ, бигў...
Ҳаким чизе нагуфт.
— Бо чунинон баҳс накунӣ, хубтар аст.
— Баҳс лозим не, ака. Хубаш, маро то хона бубар, розӣ мекунам.
Милиса қаҳ-қаҳ зад:
— Аҷиб-ку?! Шахсиятат маълум нест. На ҳуҷҷат дорӣ, на пул, ман поста монда тура хонат барам... дилат чизе намехостай.
Сонӣ кисаву даруни пойпўши ўро кофту хабар гирифт. Як бурида нони хушк баромад. Дер нигоҳ кард милиса ба нон ва рў ба гунаҳгор овард:
— Ин чӣ?
— Нон.
— Кўр нестам, дидам, нон. Аммо чаро дар ҷейбакат танҳо ҳамин як бурида.
— Дигар ҳама чизамро гирифтанд.
— Кӣ?
— Онҳое, ки маро дуздиданд.
— Онҳое, ки туро дуздиданд? Дуздро дуздиданд?
Ҳаким боз хомўш монд. Нохун зери дандон хоид, ки дар зиндон ин корро накарда буд.
— Ту одами оддӣ нестӣ, ҷўра. Аз ҳамин як бурида нон дар ҷейбак доштанат маълум. Дидаву дониста ин корро кардайӣ, ки шубҳа накунанд ба дузди одамкуш буданат...
Хомўш монд ў, то аз гунаҳгор чӣ ояд. Вале Ҳаким нохун мехоид..
— Забоната хурдӣ? Гап зан охир!
— Гап надорам, ака. Ман ҳазор рост гўям, бовар намекунӣ.
Лекин дурўғ гуфта, фиреб карда, ба гиря дароям, зориву тавалло кунам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор