Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Мо медонем ҳамаи инро. Ман аз чашми кас мешиносам, ки ў кист? Дузд аст, кисабур аст, одамкуш аст ё мусичаи бегуноҳ.
Худат мусичаи бегуноҳ.
Як дарра зад милиса ўро.
— Назан. Ҷон надорам. Тамоми шаб медавам. Базўр то ин ҷо расидам. Хурсанд шудам, ки милисаро дидам, арзи маро мепурсад.
Ту мезанӣ. Болойи мурда – калтак.
— Болойи хизмат – тўҳмат. Ина, ту зан маро!
— Не. Ман дар умрам ба сари касе даст набардоштаам. Кори ноҷо накардаам...
— Баҳ-баҳ! Аҳмақи гапдарои боваркунатро ёфтӣ.
Аз роҳи Қаротегин як мошини «Москвич – 412»-и зард омада истод ва аз дарунаш капитан баромад.
— Доштам, ина. – нўги панҷа ба чакка бурда гуфт милиса.
Капитан дар дил «доштӣ, мукофотаро мегирӣ» гуфт, аммо баланд гуфтан наёрист. Аввал ба тарафи қотил сахт нигарист ва тез-тез миҷа зад. Ба сараш чӣ андешае омад, ки чизе напурсида боз миҷа зад ва дурусттар нигариста аз ҳамкораш пурсид:
— Қотил ҳамин?
— Ҳо, мўҳтарам капитан...
— Ту? –ангушт сўйи ў тир кард капитан. – Ту Халил нестӣ?
— Не. Ман Ҳаким. Додари Халил.
— Ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
— Маро дуздида буданд. Аз зиндон гурехтам.
— Чӣ-чӣ-чӣ?
— Маро дуздида, бурда, зиндон карда буданд. Аз зиндон гурехтам.
Капитан ба сару либоси хоколуд ва ранги паридаи рўй, шиками пушткашида, лабони карахшбаста ва чашмони фурўрафтаи Ҳаким нигариста, сар афшонд ва ба маънии «ту чӣ мегўйӣ?»
ба ҳамкораш нигарист. Милисаи то омадани капитан дўғмаст китфон дарҳам кашида нобоварии хешро изҳор кард.
— Агар бовар накунед, капитан, ба Халил занг занед... Ё...
— Не. Занг фоида надорад...
— Ё то хона расонед. Хизмататонро мекунам.
— Ҳазор доллар, барои шиносойӣ.
— Ин қадар надорам. Дусад доллар медиҳам.
— Телаш кунед...
Тела доданд мошини хусусии милисаро. Андаке ба нишебӣ моил шуд. Ҳаким дар курсии паси ронанда нишаст ва «Москвич»
нишебии роҳи Қаротегинро бесадо фуромад ва то қарибиҳои гардишгоҳи давраи роҳи гўристони Русҳо омада суст шуд ва ў калидро тоб дода дар гиронд, ки бо роҳи нишебтари комбинати «Бофанда» меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор