Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоҷӣ якбора ларзид ва кати хобаш шақаррос зад. Духтарак тохта нойчаро қат гардонд, сонӣ қатрабанд кард. Вале бемор меларзид аз сармо ё аз қандоб.
«Хунашон қабул накард».
«Ин кас ҳар хел таомро ҳам намехўранд».
Ҳоҷӣ чашм кушода сўйи соҳиби овоз нигарист маъсумона ва кўдакона.
Зуд ҳозир шуданд пизишку пизишкёрҳо. Позаҳр фармуданд, то сармои тани бемор рафъ гардад... Паси дар ҳозир шуданд табору ҳамдиёриён.
Дигарон намедонанд, аз дили Ҳоҷӣ чӣ андешаҳое гузашт:
«Мурдан – ногузир. Лекин ман аз амакаш қарздор мемонам.
Ў хоҳиш карда буд, ки қиссаҳоро ёд оварда, гуфтанбоб кунам.
Лекин ягон қиссаи пинҳонӣ нест. Чанд қисса, ки ҳама медонанд ва шояд баъд «бойиси марги падар шуд» гўянд. Ин қиссаҳо ҳам аз корномаҳои ман сар назадааст, балки ҳамаашро сохтанд. Дар зиндагӣ марги зўракии зиёд мешавад. Беҳтараш аз Абдувойиз ё Забур пурсад. Онҳо хуб медонанд. Аммо ман ба гап хуш надорам.
Падари раҳматиам мегуфтанд: «Фалонӣ ба гап ҷома мепўшонад.
Аммо бо гап касе ҷоеро обод накардааст». Доно буданд онҳо».
Ҳоҷӣ Абдуҳамид гарчӣ дар дилаш, ё дар ёдаш рўзу шабон меҳри падару модар буд, ба забон намеовард. Ҳолиё аз мағзи сар гузаронд ва пеши назар овард симои падарро ва гўё гуфт ҳарфи аз ў мондаро. Дар асл чашмонаш пўшида, хун ва мағзаш ғалаён кард ва ё аз сармо баст, ки ҳама чиз аз ёдаш рафт. Танҳо ба танаш расидани даст ё чизи нармеро ҳис кард ва замбўрона гуфтор кардани табибонро шунид. Як бор чашм кушода ҷониби Соҳибназар нигарист.
«Натарсед. Нафорид. Нағз мешавед. Кўҳҳои Вену Порвенро обод мекунед...»
Лабханди хаёлӣ ё фикрии беморро касе пай набурд. Вале худи ў камҳуш бошад ҳам, хуб медонист, ки чунин меҳрубониҳо то куҷо мебарад. Зеро андешаи ноҷову бемавридро худи ў бофт:
«Ба гўши мурда азон мегўянд».
Пасон ҳама ҷо ором ва тира гашт. Ҳама чиз аз ёд ҳам рафт.
Буд, набуд. Сонӣ сўзан барин як чизи тез дар дунбааш халид. Аз куҷое як неъмати дигар дар танаш ҷо шуд; андар замираш равшание пайдо гашт. Аммо чашм кушода наметавонист.
Сару рўйи Соҳибназарро арақ пахш кард. Танҳо «бардоред!»
гуфтанаш дар ёдаш ҳаст. Ў гоҳе ба худ омад, ки тапиши дилу набзи беморро дар экрани дастгоҳи хонаи Наҷот дид. То алвақт ў худро дар кати хобидаи Ҳоҷӣ-бемор мепиндошт. «Нағз мешавед» гуфт ба худ омада.

пешина
аз 378
навбатӣ