Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоҷӣ чашм кушода хешро дар хонаи дигар дарёфт, ки садои гуд-гуди дастгоҳҳои дилсанҷӣ меомад. Рўйболо хобида буд ва
1 дасту пойҳояш чормех – баста ба пояҳои кат. «Аҷабо!» Сар андаке ба чапу рост тофта ва гўшаи чашм кард, то ҳамсарашро дида бо имои абрў ё чашм пурсид, ки чӣ шуда бо ў? Аммо хилъатпўшони ношиносро дид, ки дар ду канори кат рост истода ба ў менигаристанд.
«Гузашт» гуфт яке. Ҳоҷӣ шунида бошад ҳам, нафаҳмид, ки чӣ маънӣ дорад ин сухан. Такрор шуд: «Кризис гузашт». Акнун дарёфт, ки мурда, зинда гашта будааст. Боз ҳамон хорихандаи ҳузнангез андарунаш пайдо шуд, аммо то лаб нарасида, хушкид.
— Нағз, нағз. Шумо нағз, мардакҷон...
Хам шуда бехи гўши Ҳоҷӣ фармуд зан, ки баъди рафтани хилъатпўшон аз ин зиёд гуфта натавонист, то садои ларзонашро пай набарад ў.


Дар ин миён – то нағз шуда аз бемористон баромадани Ҳоҷӣ мурофиаи судии қотили Ҳалим шуда гузашт. Мурофиъа дар толори суди ҳарбии подгони (гарнизони) Душанбе барпо гардид. Маҷлиси кушод буд. Қозию муддаъиву сафедгар ва қотилу мушоҳидон ва бародарони Ҳалими шодравон ва ҳар касе мароқи шунидани чунин ҳодисаҳоро дошт, ҳозир шуда буд.
Аз парвандаи ҷинойӣ:
«Айбдор Эшов Т.М. 02. 1975 таваллуд шудааст. Тоҷик. Маълумоташ миёна.
Дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 237 қисми 1, қисми 2, банди «в», қисми 3 банди «а»; 131 қисми 2, бандҳои «г», «ж», қисми 3 банди «в»; 110 қисми 2, бандҳои «е», «д», қисми 3, банди «з»; 391 қисми 3, банди «а»; 195 қисми 1; 334 қисми 2 ва 135 қисми 2, банди «а»-и КҶ ҶТ.»
Эшов Т.М. сардори дидбонгоҳи «Сарвода» воқе дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ.
13 августи соли 1999 автомашинаи шахсии тамғаи ВАЗ 21043, рақами давлатиаш Е 17-77 РТ – 01 дар шоҳроҳи Душанбе
– Хуҷанд ҳаракат дошт. Тахминан соати 14-00 дар наздикии шаҳраки Сарвода суръатро афзуда, дар болойи кўпруки танг аз автомошинаи тамғаи ВАЗ – 21073, рақами давлатиаш С 53-30 ДБ, ки Холиқов Абдуҳалим Ҳамидович идора мекард, пеш гузаштанӣ шуд. Абдуҳалим аз сабаби танг будани роҳ он мошинро

  1. Чунон ки Исоро маслуб карда буданд роҳ дода натавонист.
пешина
аз 378
навбатӣ