Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Эшов чунин ноилоҷиро ба худ беэҳтиромӣ донист ва бо ишораи даст фармуд, то ў биистад. Абдуҳалим мошинашро боздошт. Эшов аз мошинаш фуромада омад ва нархи сабзиву пиёзро напурсида дашномҳо дод ва баробари аз мошин сар бурун овардани ў ба рўяш мушти обдор зада аз пой афтонд.
Лағат мезад ба сари фитода.
«Иҷозат деҳ мо равем, бародар».
«Бародарата ёфтӣ!» мегуфту мезад Эшов илтимоси ўро ба инобат нагирифта.
Абдураҳим – бародари Абдуҳалим воқеаи даҳшатзоро дида ба ёрӣ омад ва Эшовро таваллову зорӣ кард, то аз ин кор даст боздорад. Баракс «қаҳрамон» сахт шўрида, ўро дашном дод ва зад.
Мусофирон Токаева Х.С. ва Сафарова Х.А. аз мошин фуромада Эшовро зориву тавалло карданд, то аз кирдор даст кашад.
Эшов ваҳшӣ гашт ва аз дасти сарбозе автомати Калашниковро рабуда се тир пеши пойи занон андохт. Занҳо мусичавор гардан фурў кашида пас-пас рафтанд. Эшов Калашников АК – 74 дар даст таҳдид карда онҳоро зўран ба мошин нишонд. Ба зердасташ Раҳимов Ш. фармон дод:
— Сари рул бишин. Ай пушти мошини ман биё. Ба ҳудуди рота. Мара медонӣ-а? Агар ки донӣ, рост ҳай кун.
Шоҳид Раҳимов Ш.У:
«Хўрок мехўрдам. Овози мағалу ҷангҷолро шунидам. Пеш омада кирдори Эшовро дидам. Гуфтам: «Ин корро накун!» Дашном дод. Ин вақт занҳо ба зорию тавалло даромаданд, ки аз ин кор даст кашад. Онҳоро иҷозат диҳад, то ба роҳашон раванд. Эшови ваҳшигашта чанг зада аз дасти як сарбози тамошогар автоматро гирифта, пеши пойи занони илтиҷогар тир зад... Дар паси бинои рота Эшови ба дарранда табдилёфта Абдуҳалимро ваҳшиёна лату зарб мекард. Пас аз бист (20) дақиқа Эшов бо дастҳои пур аз хуни қассобӣ назди занҳо омада гуфт: «Кафан тайёр бикунед!
Ман ҳамраҳатона куштам...» Зеро онҳо аз паси девори рота садои ду тирро шунида буданд. Занон омаданд. Абдуҳалим дар замин хоб буд. Нафаскашиаш маълум набуд. Сару рўяш кафида, хун мешорид. Чашмаш аз хонааш ҷаста баромада буд. Сару рўйи бародараш Абдураҳим низ пурхун буд..».
Ротаи ҳарбӣ дар шаҳраки Сарвода (Шеър) ҷой гирифта буд.
«Гунаҳгорон»-ро оварданд ба он ҷо. Эшови худрой ғайриқонунӣ онҳоро ба ҳабс гирифт. Соате дар ҳолати нобоб нигаҳ дошт. Аммо Абдуҳалимро паси девори бинои рота гузаронд. Ўро он қадар кўфт ва лату озор дод, ки Абдураҳими бародар аз ҳабсхона гурехта, пеш омад:
— Маро бикуш, қотил!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор