Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Дил кард бигўяд ба духтур, то бурун барандаш; хомўширо авло донист: «Як чизро медонистагист, ки духтур шудааст».
Ҳамин замон ҳама баччаҳои ў якҷоя ба ҳуҷраи дуката даромаданд. Дар кату курсӣ ҷой нашуданд. Ба назари падар ҳам шод метофтанд, ҳам ғамӣ. Ҳоҷӣ ба зан нигарист ба аломати суол, ки чӣ шуда бо онҳо? Аммо зани зирак табассум кард: «Дар берун даст сўйи осмон кушода Худоро шукр карданд, ки падар беҳӣ ёфтаанд».
Ҳоҷӣ суханони андаке пеш ба зан гуфтаашро ба онҳо фаҳмониданӣ шуда паст пурсид:
— Тинҷӣ?
— Тинҷӣ, дада. – падарро бўсида гуфт Халил.
— Шаб Абдуҳалимро аранге дидам... – гуфту ҳиққа гирифташ.
Халил дудила шуд, ки ҷазои қотилро ба падар гўяд ё на.
Гуфта натавонист. Хонаро хомўшӣ фаро гирифт. Аллакай аз ғаму алами Абдуҳалим гирён шудааст. Мурофиаро шунавад, ба чӣ ҳол меомада бошад.
Ва аммо то бад нагўйӣ, нек наояд, ҳамин вақт як ҳамдиёри кайҳо боз сокини Душанбе гашта дарро кушода даромад ҳамроҳи занаш. Зан дар даст сатилчаи сарпўшида дошт. Худи мард як халтаи клиёнкагӣ нону мева гирифтааст. Баробари аз дар ворид гаштани ў фарзандон бурун рафтанд ва меҳмон ҳамроҳи занаш дар кати дигар нишаста ба ҳолпурсӣ гузаштанд. Сонӣ мардак дилдории деҳотӣ кард:
— Ба саратон ғами зиёд омад, ҳоҷӣ. Кори Худо. Вале бинед, ки имрўз «чоҳкан зери чоҳ» кушандаи Абдуҳалимҷон шонздаҳ сол гирифт.
Ҳоҷӣ Абдуҳамид, ки аз чунин сирр огоҳ набуд, ба назар як қад парид ва баъди хеле андеша, гўё даму нафасашро рост карда, фармуд:
— Нағз нашудаст...
— Чӣ хел нағз нашудааст? Вай писари шумоя кушад. Вайро ҷазои кам диҳанд, шумо нағз нашудааст, мегўед. Пеши мардум бароварда паррондан лозим буд, ки дигаронро панд шавад.
— Не. Худи куштанаш ўро ҷазо буд. Сонӣ барои одамизод ҳеҷ чиз панд намешавад.
— Рост мегўеду... Дили одам месўзад-дия.
Зани он мард даст пушт бурда миёни шўро пучид, то фаччак нашавад. Ў як ҷунбид, сонӣ ба худ омада, гоҷигариашро донист:
— Хайр, худатон нағз ҳастед?
Ҳоҷӣ тавонист башукргузорӣ сар ҷунбонад.
— Куҷотон дард мекунад?
Ҳоҷӣ сар ҷунбонд, ки дард намекунад, ҳамту...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор