Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Нее, дард накунад, шумо ин ҷо хоб намекунед.
Ҳоҷӣ, ки рўйболо мехобид, чашмонашро пўшид. Ҳамин вақт зан шўро ба рафтан ишора кард. Шў лаб газидани занро дида, ҳарфе нагуфта, оҳиста баромад ва зани ҳоҷӣ дар долон онҳоро хушомадед гуфт. Ҳамдиёр изҳор кард:
— Ман боз хабар мегирам.
— Ташвиш накашед.
— Ташвиши чӣ? Медонед, Ҳоҷӣ барои мо кӣ? Шумо намедонед... Ман боз мебиём... Ҳа, боз як чиз; дар ёдатон будагист? Бояд дар ёдатон бошад, чунки он чизро худи шумо оварда ба дасти он кас додед ва он кас ба ман доданд. Ба ёдатон омад?
— Не.
— Вай чизи аз ёд мерафтагӣ не. Гўям, ба ёдатон меояд. Ман дармонда шуда ба хонаатон рафта панҷоҳ ҳазор сўм пурсидам.
Ҳамин падарраҳмати шўтон, не нагуфта, ба шумо фармуд, ки аз хонаи дигар пулро оваред. Овардед...
— Ҳа-ҳа, ёдам омад. Э вай кай буду...
— Ҳа-дия. Бузургии он касро бинед, ки як бор зинҳор накарданд. Ана ман барои ҳамин чизро гуфтан омадам. Аҳволашона дида, безобита накардам. Лекин ба шумо мегўм, ки вай сўми шўравӣ буд. Ба пули сомонӣ ҳисоб кунанд-канӣ чанд пул мешвад.
Ман оварда диҳам; қарз дар қиёмат намонад.
— Шумо ташвиш накашед. Ҳоҷӣ пеш аз ҳаҷ рафтанашон ҳама гуноҳҳо ва қарзҳоро бахшида буданд.
— Ба ҳар ҳол, як пурсед, ман боз меоям.
«Саманд чӣ ҳол дошта бошад?»
Ба фиреби хеш чунин андешид ў, то ҳама чизро фаромўш кунад. Аз тойкурра будан то пири фартут гаштанаш аспро пеши назар орад ва худро андармон созад. Ҳамон ки назди меҳмон чашм пўшида буд, дигар накушодааст. Танҳо рў ба девор овард, то касеро набинад, чизе нашунавад. Аммо садои кушода ва пўшида гаштани дар водораш кард, ки гўш диҳад. Сояе ба девори рўёрўйи чашмаш пайдо гашт. Хам хўрда бо танаи девор лағзид ва ба ҷойгаҳи ў наздиктар омад. Ҳоҷӣ бо чашмони нимкоф ин сояро шинохт. Аз тарҳи либос ва рўймоли сар шинохт, ки сояи ҳамсараш аст. Аз рафтораш пайдо буд, ки хоб ё бедор будани ўро донистанӣ шуда чунин рафтор мекунад. Зан гўш ба тахтапушти шў ҷафс кард, то донад, ки нафас мекашад ё на. Зеро ў аз хабари овардаи ҳамдиёри қарздор парешон гашта буд, ки ҳоҷӣ чӣ ранг пазируфта бошад. Чунки ҳоҷӣ софи соф шудааст аз ғами писари ширин; худро ба ҳар кў мезанад, то дигарон нафаҳманд, ки ғам мехўрад одамро чунон ки бод сангро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор