Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Худашон дар замин кор кунанду хошок рўёнида молашонро саришта кунанд, хуб мешавад. Аммо замини ҷудокардаашон як санглохи заранг буд, илоҷи кишту кор надошт. Метин занӣ, метин сўйи пешонӣ бозгашт мепарид. Дами белу каланд мегашт ва акси садояш аз осмон меомад. Чунон ки дар як биёбон тарбуз корида бошанд, сангҳои ин замин чунон метофт; сангчаву шағалаш себу зардолуи пошида барин, вале аз хок нишоне нест...
Пеш аз он ки санглох замин шавад, ғами обро бояд хўрд. Мудир аз пайи ин кор ҳам шуд. Матори обкашиву қубуру ной пайдо кард, то аз наҳри Марғедар об гузаронад. Осон нест ин кор. Пеш аз ҳама нерўи барқӣ лозим аст, аммо дар ин наздикиҳо симчўбе наметобад. Умуман коре, ки мудир ба зимма гирифт, кори як ташкилоти бонуфузу сернуфус бояд бошад. Аммо ў нерўи корӣ надорад, магар ки ҳама бачу кач ва аҳлу аёлашро ба санглох кўчонида хидмати ройгону бесуде кунад.
Аммо он замон як бартарӣ дошт: партия хоҳад ва чунин корро раво донад, мефармуд, ҳама кор осон ҳал мешуд. Зеро ҳар ташкилот вазифадор буд, ки кори ба ў вобастаро ба хубӣ иҷро кунад.
Котиби райком, сардори идораи геологӣ Боймурод ва ҳар касе, ки ба чунин кор вобастагие дошт, медонист, ки бояд ин нақша амалӣ гардад. Худи мудир ҳамакора буд, кафшер ҳам мекард, масолеҳ ҳам мекашонд, матору насос ҳам мешинонд ва дигар корҳо, то зудтар чунин амали хайр сомон ёбад. Аммо сангзор дили ўро хиҷил мегардонд, ки дар дили санг дона сабз кардан имкон надорад, сонитар ҳамчун ноўҳдабаро сарзаниш мекунанд.
Шояд ин ҳама имтиҳоне бошад.
Аз тарафи ташкилоти геологӣ ҳама гуна мошинҳои техникӣ муҳайё карда шуд: булдозер, экскаватори заминкан, трактори шудгорӣ, мошинҳои боркаш ва дигар чизҳо. Ҳамон техникае, ки роҳи миёни Вену Мушистонро сохта буданд. Булдозери нерўманди пешбелаш як гузарро ба як сурӣ чаппа мекардагӣ каси бори нахуст дидаро дар ҳайрат мегузошт ва кас гиребон мегирифт, ки чунин чизҳо ҳам мешудааст дар олам. Гўё ҳамвор кардани адир ва талу теппа пеши чунин паҳлавонҳо мушкилоте надорад. Чунон ки бо ҷорўб хасу хасрўбаро пешбел карда ба ҷариҳо меандохта бошад. Дар ин замини чун гўристони кўҳна пасту баланд ва мағоку фурўрафтаҳои зиёд дошта булдозер шери хашмӣ барин наъра мекашид ва синаи ноҳамвориҳоро дарида яксон рост мекард.
Марза-марза, пал-пал ҳамвор мешуд аз саргаҳ. Аммо ҷуз санг чизе дар ин майдон набуд. Экскаватори фўлоддандон сангҳои булдозер канда натавонистаро ковок карда, пеши роҳи паҳлавон мебаровард ва ў рўфтаву тела дода аз майдон бурун меандохт.
Як навъ кору хидмате ба роҳ монда шуда буд, ки яке идомаи кори дигареро буд мекард ва дар натиҷа пал ва майдонҳои кишт пайдо мегаштанд ба назар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё