Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Кордҳои номардона зада, хуни ноҳақрехта ҳам...
Имшаб тамоми шаб – дар вақти хуфтани мошинҳои роҳ мушон ба ҷойҳои таъйингашта расида ҷо ба ҷо шуданд ва ба навохтан пардохтанд. Ҳама шаб симфонияи якнавохти мушон тамоми шаҳрро навохт ва бо оҳанги нофори хеш мардуми ҳоло аз тарсу ваҳм хобпар шударо безобита гардонд. Агарчӣ бархўрдҳои худӣ ба худӣ ба охир расидаст, мардум орому осуда ва бехавфу хатар хобида натавонанд. Зеро ниқобпўшони гушнамаст зиёд шуда буданд ва ҳоло ҳама яроқу аслиҳаи берўйихат тақсимшударо начида, худхоҳу худкому худройҳои нописанд ба қатлу ғорат варзида буданд. Барои чунин шуғл ё нокасӣ донишгоҳеро хатм кардан ё шабурўз китоб хондан ҳоҷат надорад. Як сими барқ ва як телевизори рангаи чинӣ ё ҷопонӣ басанда, ки тамоми усул тариқ ва роҳу равиши қатл ва дуздиву ғоратро омўзӣ. Дар он филмҳо дарбандӣ наомўзанд, вале даркушоиро бо ҳазор роҳ ёд диҳанд.
Ба назар тамоми олам мусобиқа дорад, ки кадом киностудия ё кадом коргардон қатлу ғоратро филмбардорӣ мекунад ва кӣ ҷойизаи аввалро соҳиб мегардад. Мўшикофона ин ҳама; зеро барои чунин филмро ба навор гирифтан ҳама ҷойи қаҳрамон бояд сиёҳ бошад: ботину зоҳири ў: пўшок, ниқобу айнак, латтаи як чашми кўр, дастпўшакҳо, ранги тану рўй ва ниҳоят – мағзу дилу устухон.
Вагарна филм набарояд ва ҷойиза низ нагирад. Зеро доварон ҳам нияту дили сафед надоранд. Ҳааа, мушон мефаҳманд ин матлабу муродро: онҳо мехоҳанд, ки тамошобин дида ибрат гирад ва чунин рафтор накунад. Вале инсон барои пайравӣ ба дунё ояд. Аз ҳамон рўз, ки Ҳобил ба Аҳриман тақлид карда ба сари бародар санг зада кушт, куштор идома дорад. Фақат барои он ки Фулонӣ кори Фалониро такрор кард, ягон навигарӣ надорад; лойиқи мукофот нест, нагўянд, нав ба наву тоза ба тоза роҳҳои кушторро фикр карда мебароранд. Аслан ҳама гуна фикр барои ба даст овардани чизест. Мукофоту пул ҳам аз ҳамон гуна чизҳост. Кам касонро насиб шавад, ки барои ҷовидонагии номашон ақлу хирад омўхта, корбаст кунанд.
Заводи Қир дар канори рости рўд ҷой гирифтааст. Дар хамиву пастӣ. Он тарафи рўдбор марзаи баланд ва хокӣ. Канданаш осон. Аммо Росу написандид, ки як рўз лағзиданаш мумкин. Аз ин рў таҳхонаи аз ёдҳо рафтаи завод мувофиқ аст барои лашкари пинҳонӣ ба шаҳр воридгаштаи ў. Ором. Садоҳои ҳархела намерасад. Бонги хатар ҳам шунида намешавад. Як бор садои қатора омад, ки ба тарафи рост рафт. Баъд фаҳмиданд, ки мева бурдааст. Ҳеҷ кас ташвиш намедиҳад. Аз ин рў Росу се шаборўз ба як китф хоб кард. Мағзаш ва чеҳрааш рўшан хест.
Валек боз табъаш хира шуд: дар ин муддат, ки бехабар аз кору бори олам буд, надонист, ки сарбозонаш бо чӣ корҳо машғул буданд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор