Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Натиҷааш пеши назараш: чизҳои партобу пасмонда, сарқуту зиёдии дар партобгоҳҳо афкандаро овардаанд, ки ҳеҷ гоҳ тарафашон нигоҳ намекард. Сахт нигарист ҷониби онҳо Росу. Онҳо тарсидаву ларзида бо як овоз посух гуфтанд: «Худашон… Худи инҳо… Халқон аз гушнагӣ коҳ мехўрдаанд! Бо чашмамон дидем!
Дар корсонҳои чўбиву тунукагӣ тарид карда, сонӣ мехўрдаанд!»
Чашмони Росу бозӣ карданд, ки хобаш рост баромад. «Беҳуда куштам Сарраммолро…» ва дилаш якҷоя бо шиками гуруснааш сих зад. «Гап дар шиками гуруснаи ман нест! Ҳар муши нокор ва ноўҳдабаро ё муғамбирро хўрда шикам мечаллонам…Валек мебинам, ки қисми зиёди сарбозон нестанд!» Ҷосу, ки се шаборўз хоб накарда, аз хавфи нохалафҳо сари бистари сахти ў нигаҳбон буд, таъзим кард. Аз куҷо ёд гирифтааст, ки як қадам пеш монда, даст бар сари сина, мисли тамаллуқкорон сар андохта, таъзим кард ва баъд оҳиста пешонӣ бардошта авзоъи Росуро дид ва фармуд; бо овози хаставу паст, то андозае гиряолуд ва ҳасрату оҳаш низ ҳамроҳ, гуфт:
— Аз як қатра хуни ман… Аз хуни ҳамаи иҳон гузаред!
— Чӣ воқеа?
— Олампаноҳ! Роҷуи дўстдоштаи шумо, ки хеле нозпарвард буд, чунин ранҷу азоби моро тоқат наоварда, худро ба наҳри азим андохта, нобуд кард!
— Ту ҳушёрӣ Ҷосу?!
— Ана пурсед, ки ҷондорони шумо…
— Ман бовар намекунам, Ҷосу! Тамоми роҳ ҳамроҳ будем-ку?!
Беҳтарин обдон буд миёни ҳамаи шумо.
— Охир, ман дурўғ намегўям, Олампаноҳ! Дурўғгўй – душмани худо!
— Медонам, ту дурўғ намегўйӣ. Ҳеҷ гоҳ дурўғ нагуфтайӣ. Аммо ягон вақт рости худатро нагуфтайӣ. Мефармоянд, ту мегўйӣ. Ин бор кӣ фармуд?
— Қасам ба номи шумо, касе чизе нафармуда! Мо ҳама дидем, ки Роҷўи шумо, чун ҳамеша, дам ба дарун, ба касе чизе нагуфта, нафаҳмонда, васият ҳам накарда; чашмонашро бо як латтаи сиёҳ баста, аз рўйи пули наҳри Азим худро ба об партофт. Оби наҳр ба Осмон хест. Мавҷ зад… ва Роҷўи бовафои шумо ғайб зад.
— Ту мана хафа кардӣ, Ҷосу! Вазифаи ту ин не! Вазифаи ту маро нигаҳбонӣ кардан; хабар оварда, хушҳол доштан! Баракс хафа кардӣ! Охир, медонӣ, ў чӣ гуна вазир буд? Сад даҳан гап занӣ, гўйӣ, дашном диҳӣ, як даҳан «ту чӣ мегўйӣ?» намегуфт. Зада кушӣ, «чаро маро мезанӣ?» намегуфт. Як одами мулойимсухани беозори роздору дарундори суханаш, фикраш, ақлу донишаш, ёфтаву тофтааш дар шикамаш буд. Ҳама дидааш дар оинаи чашмаш. Ба касе нишон намедод. Аз дасташ некӣ наояд ҳам, бадӣ намекард.
Ман надидаам, ки пишакеро «пишт!» гуфта бошад. Ягон мушро ранҷонида бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор