Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Дар он замон, дар он макон ҳама ҷангу ҷидолҳо паси сар шуда, даврае ба миён омад, ки як кас ба каси дигар кор надошт. Ҳама ҳаваси кору одами хуб шуданро доштанд ва аз меҳнати ҳалоли худ нон мехўрданд. Калон хурдро адаб меомўзонд, хурд калонро эҳтиром мекард. Касе ҳаққи дигареро хўрда наметавонист. Аз рўйи кору меҳнаташ ҳақ мегирифт. Ба ҳаққи гирифтааш ангушти башорат мўҳр мекард.
Ҳама чиз давлатӣ шуд ҷуз зану фарзанду як кулбаи меросӣ.
Абдуҳамид чӣ кор карданро надониста, сарашро гирифта кўҳ ба кўҳ мегаштагӣ шуд, ки симурғе пайдо шавад, ё деве ё парие ва Хизр, то ўро мадад кунанд. Ба ў роҳ нишон диҳанд, ки хонаи дили кўҳро ва ё калиди ганҷинаҳои мулкро пайдо кунад. Мегашту мегашт, ҳеҷ пайдо нашуд ин чизҳо. Писарон аз дер рафтани падар парешон шуда ба суроғи ў баромада кўҳ ба кўҳ гаштанд, ки пойафзорашон ғилбор шуд. Рафтанду рафтанд ва якдигарро гум карданд. Онҳо ваъдаву воиз карда буданд, ки ҳар кас падарро пайдо кунад, ба кўҳи Заврон биоварад, ки оқибат ҳамаамон дар ҳамон ҷо ҷамъ мешавем. Писари чўпон, ки роҳи кўҳу камарро медонист, кофта-кофта, пай гирифтаву бўй кашида то Кўли Калон омад, ки пирмарде риш дар банди дил зада дар лаби кўл фароғат дорад.
Падарро нигарон шуд, то бедор шавад. Падар бедор шуд. Падару писар якдигарро шинохта аз шодӣ хуб гиристанд. Баъди аҳволпурсӣ писар гуфт: «Ҳама ба суроғи шумо баромада будем.
Ваъда шуда буд, ки касе падарро пайдо кунад, ба кўҳи Заврон биоварад, оқибат ҳама он ҷо ҷамъ меоянд». Писар падарро ба Заврон овард. Ҳама он ҷо ҷамъ омаданд. Падар фарзандонро хонадор кард ба даҳ духтари чилкокули Чилдухтаронӣ... Тўю тамошоҳо шуд. Ҳама ба муроду мақсадашон расиданд...»
— Шумо ҳам расед, мулло Дўстмурод! Шумо пирии Абдуҳамидро ҳам нишон додед. Ба назарам, ки вай ҳеҷ гоҳ риш намемонад. Баъди пириашро дар лаби Кўли Калон дидан.
Ин чизро аз завқ ва барои тасаллии хушгўйиҳои Дўстмурод гуфт ва як дар нўги забонаш давр гашт, ки баъди дар кўҳи Заврон вохўрданашон чӣ рўйдодҳо мешавад, пурсад. Валек худдорӣ кард...
Аммо Дўстмурод гоҳи пораи нонро ба чойи пиёла тар карда, газида, хоиданаш дарёфт, ки хамира дар ком, рўйи забон ва милку қабати дандонҳои як умр мисвокнадидааш мечаспад. Аз чунин наҳорӣ хориаш намеояд, балки лаззат бурда ҳамон хамираи байни дандонҳо паноҳёфтаро чап-чап макида, ба воситаи ҳавои ба даҳон даромада ҷудо карданӣ ва ё кашида гирифтанӣ мешавад. Чунон ки дороён ин корро пас аз гўшт хўрдан мекунанд.
Дўстмурод шукр мекунад ва бо овози шунаво мегўяд: «Худоро шукр, ба даргоҳат ҳазор бор шукр!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё