Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар паси девор падар худро мепучиду мегирист, ки ин ҳама аз ношукрии ў. Зеро аз зани нав умеди фарзанд нест. Нозо бароварданд духтурон. Акнун Хидир пардаи тирезаро мебардораду саҳни ҳавлиро нигоҳ мекунад ва ҳар ҷое, ки писар буда бошад, ёд меорад; аз рўзи ба дунё омадан то аз дари оҳанин баровардани тобуташ. Аламангез аз ҳама девонавор саҳни ҳавлӣ гашта ҳар ҷойи пою дасти писар расидаро дастмол кардану бўсидани модар ва ба сараш барф борида, сафед гаштани мўяш…
Инак бозиҳои дигарро мебинад Хидир: ў мебинад, ки Гулоб мисли дигар занҳо мўйи якбора сафед гаштаашро ранг намекунад; усмаву сурмаву гулгуна ҳам надорад – замони зани ў буданаш ҳам чунин орову торо надошт. Ҳоло рўймоли сиёҳ бар мўйи сафед меандозаду сар афканда, аз замин чизе ҷуста, мераваду меояд. На! Ў аз Замин ҷуз нақшу пайи пойи дар ягон пораи роҳ ё бетони рўйи ҳавлӣ мондаи писар чизи дигаре суроғ надорад. Ғанбор сараш, ғамзада танаш. Рўзҳои истироҳат хазон мерўбад. Баъд зимистон дар офтобрўи буни хона аз нури хеле ба ҷануб майлкардаи Офтоб, ки аз ин гўшаи ҳавлӣ мебарояду ба он гўшааш фурў меравад, гарм мешавад. Зери айвони офтобрўи бино, ки гузашт, Хидир ҳазор пардаро якбара занад ё канад, ўро дида наметавонад. Хидир бо чунин рафторҳояш чӣ мехоҳад? Касе намедонад; ҳатто худаш.
Васвосӣ мекунад чунин рафторҳоро; пинҳонӣ аз зани наваш. Чун шарфаи пой омад ё садои кушода шудани дари айвон баромад, пардаро ҳамвор мекунад ва рўйи кўрпачаи якаандоз дароз мекашад, ки роҳат дорад. Ҳолиё чунин шуд: Гулоб ба гурбаи Ало
– таги шикамаш сафеди аз дум то гўшҳояш бўрранги як-як торҳои зардча дошта, зери дарахти хурмо чизе гуфтан мехост ё шурўъ ба гуфтор карда буд, ки Хидир пардаро пўшида, дароз ёзид. Яқин аз «гуфтор»-и ҷавонзани шаттоҳаш ибо дошт. Гуфтору рафторҳои ўро дида бо порсоии Гулоб муқоиса мекард. «Ҳа! Ҳаваси беват кард?!» чанд бор манша кард. Хидир дид, ки намешавад, худро ба нодонӣ зад. Аз фироқи Тақдир «оҳ!» кашид. Чун пойгаҳ хало кард, ба мушоҳидаи паси тиреза машғул гардид: Гулоб азопўш. Чунин ҳол нагузорад, то Хидир дурўдароз нигоҳ кунад; ёди баччаашро орад. Пардаро мепўшад. Дароз кашида фикру андеша мекунад.
Аммо дилу гурда надорад ё рўяш намешавад, ки наздик рафта ба зани никоҳиаш чизе гўяд. Дар коғаз устухон печонида оварда пеши Полвон гузоштану хўрдани онро тамошо кардани Гулобро мебинад; ба Гурба парсингу пораи нон ва ба мурғ нонреза рехтанро мебинад: «Бо ҳамин корҳо худро андармон медорад» бе ҳеҷ андеша аз дил мегузаронад. Ва сари ду по назди гурба нишаста, пушташро сила кардану ҳар гуна ишораву ҳаракаташро мебинад.
Аммо насиҳатоҳанг, баъзан ғазаболуду омирона сухан карданашро намешунавад: «Ман пир шудам, Ало! Вагарна муқобили ҷабру ситами замона лашкар ҷамъ мекардам. Аз чунин рўз дар ҳамон ҷанг мурӣ, шаҳид мешавӣ.

пешина
аз 378
навбатӣ