Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сонӣ бўй кашид аз роғ ва болотар даст андохта, каш-каш кард.
Як бор нўги думи муш намуд. Боз ғайб зад. Гурба ёзид бар қади девор. Қоматаш болотар шуд. Даст андохт аз нав. Мушак «чӣ-чӣ!»
кард ва якбора аз болойи дасти гурба парида, гурехтанӣ буд, ки пишаки то ин дам чашм аз хаволӣ наканда, филфавр ҳуҷум оварда дошташ. Гурба чизе нагуфта, ба назар ором канор рафт ва таҳдид ба Тоҷдор кард. Ў низ вағғид ҷониби гурба, вале ба ғазаби ў тоб наоварда, ба пасу пеш нигоҳ карда, канор рафт: зери дарахти хурмо. Аз ҳавзаи бехи дарахт об хўрд, то ғазабаш паст шавад.
Чўҷааш низ об хўрд ва ҳар бори нўл ба об зада сар бардошта, фурў додан менигарист сўйи гурба, то наояд; якбора пишакро низ аз назар мегузаронд, то мушакро якбора фурў надиҳад, зеро ў низ умедвор аз гўшти он хукандом. Тоҷдор об хўрда нўл афшонд, то қатраҳои дами бинӣ ва ғабғабро таркарда парешон гарданд ва ў худро сабук эҳсос кунад, ки аз дасташ ҷанг меояд ё на? Чўҷа низ аз об сер гашта, чунон кард, ки оча. Лек кори ў танҳо тақлид буд; дар зер нияте надошт. Ҳоло ҷангро намедонист. Чанд бор бо бародарон қад ба қаду нўл ба нўл гашта, аз сар чиҳое гузаронида бошанд, худашон донанд; яқин барои ҷой ё тақсими мерос; зеро ҳама шоҳзодаҳо чун ба дунё оянд, ғами шоҳ шуданро доранд ва ба найранги нобуд кардани якдигар пардозанд. Валек чўҷа чандин бор рост ба чашми бародарон нигарист; чизе гуфта натавонист; қомати ҳар кадом баланд; аврангзеб тофт. Лек мушон ёрӣ доданд хурўсчўҷаро; дигаронро хун макиданд, хурўсчўҷаи сурхчаи рангаш ба ранги Росу наздик саломат монд.
Тоҷдорро гўё тафси дил паст шуд ва муши мурдаи пеши пойи пишак бедаму дуд ғелонро дида «қуд-қуд!» кард: «Ба кӣ мекунӣ ин баҳонаҳоро? Ғилбор кардӣ хонаҳоро!»
Пишак бозмонд аз бозӣ; сўйи оча нигарист, ки чӣ мегўяд Тоҷдор? «Мяв!»
Аммо гурбаро хуш наомад, ки аз хоб хезад. Зеро овози пишак чандон хатар надошт, балки аз ноўҳдабароии хеш шикоят мекард. Гурба кайҳо ба ў гуфта буд, ки бояд мустақил бошӣ ва худ хешро саришта бикунӣ. Луқма ба даҳонаш овардааст; боз нолад.
Аз чунин ҳол Тоҷдор шерак шуд ва тез омада пишакро як нўл зад ва муши мурда ба нўл гирифта, андаке дур бурд ва пеши чўҷа андохт. Чўҷа ба муши ноҷунбон нигариста қантар кард; гоҳ бо ин чашм нигаристу гоҳ бо он чашм. Аз ин сў гузашту аз он сў; хуб нигоҳ карду дид, ки меҷунбад ё на? Пасон тарсуву парешон гарданро хам кард, ёзид ва як нўл зад; нўл заду пас гурехт. Зеро муши мурда ҷунбид. Чўҷа паҳлавонона ён дода пас рафт ва боз пеш омада нўл заду бардошт ва аз ҳамоил будану алвонҷ хўрдани мушак хўсида, насиба аз даҳон андохт ва ҷаста аз тораш гузашта «қиғ!» гуфт, ки аз пояш дошта бошад. Лекин Тоҷдор чун гурба ба рафторҳои чўҷааш бепарво набуд. Чунки ў низ мисли гурба чандин бор ба фарқи сари бачча минқор зада аз канораш ронда буд, то илоҷашро биёбад: «Бузург шудӣ; ризқат дар пою нўлат!»

пешина
аз 378
навбатӣ