Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо шабҳо зери бол гирифта мехобид, то мушҳо хунашро намаканд.
Боз, Мушгир ё зоғе парида гузарад, чанголу минқор тез мекард ва ба набард омода мегашт. Тоҷдор як чизро аниқ медонист, ки хурўсак аз тухми худаш нест: Гулоб ба кадом ҳамсоя тухми ўро бурда «бехурўс!» гуфта иваз карда овард ва зери пояш гузошт.
Тоҷдор ўро назоида бошад ҳам, дўст дорад. Зеро меҳри модарӣ танҳо дар зоидан нест! Дар тарбияву бузург кардан низ ҳаст.
Замона чунон аст, ки аз партовгоҳҳо афгонаҳоро пайдо кунанд ва аз буни деворҳо тифли навзодро. Баъзеи онҳоро мушони гурусна хурданд ё сагони дайдуи бесоҳиб, ки ҳоло аз заҳри марги муш намурдаанд. Баъзан тахмин, гоҳе яқин кунанд, ки чунин афгонаву норасидаҳо, гўштҳо аз они ҳамон беваҳо ва духтароне бошанд, ки аз қади роҳҳо бордор шуда буданд. Ҳар чизи нав расм шавад мардумро. Пештар ин корҳо таги домонӣ буд, ҳоло лаби домонӣ шудааст: ягон-ягон духтаронро медидед, ки сари роҳҳо – дуртар аз истгоҳҳо ба умеди ёре ё харидоре истанд. Бетаҷрибаҳо ё аз дасти камонбадастону пулдорон фиребхўрда нигарон истанд, то рўзӣ пайдо кунанд. Боре ронандаи камтаҷриба ё аз ин асрор ноогоҳ як дўсташро назди бозор фуровард ва мошинро гардонида бозпас равон шуд. Сари роҳ духтараке меистод; ду чашм аз ронанда наканд. Чун ў низ ба чашми ронанда афтод, табассум кард. Ронанда пиндошт шиносест ё аз бемошинӣ азоб дорад, савор кард, то роҳаш кўтоҳ шавад:
— Куҷо барам?
— Куҷое хоҳед!
Дами ронанда ба дарун зад. Хеле хомўш рафт. Аммо ҳазору як андеша дар сар дошт: «Ҳамоне ки дўш тариқи оинаи нилгун сухан мекард, ин нест магар?»
— Ман шуморо дар куҷое дидагӣ барин?
— Дар ҳамин сари роҳ будагист-дия?
— Не! Ба назарам дар оинаи нилгун.
— Неее!!! – Хандид ў: – Вай дугонам.
— Ҳааа… баъд чӣ мешавад?
— Баъд давом дода мегардем. Кӣ бисёр? Бадмасту мошиндор...
Мошинат бўйи муш мекунад, ака...
Ронанда сахт тормуз кард. Пешонии духтарак ба шишаи пеш бархўрд.
— … Хўш! Ман шуморо ҳамин ҷо мефурорам. Хонаи ман дар тарафи Чорчинор.
— Ман ҳам Чорчинор меравам.
— Не-не, духтари нағз! Ман чанд ҷо мегардам, сонеш баъд, хона меравам.
— Ман ҳам!

пешина
аз 378
навбатӣ