Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ронанда то ин вақт, ки ду-се аз оина ўро дида буд, баргашта нигаристаш:
— Чихелин духтарӣ?
— Ана ҳаминхелин! Агар хоҳӣ, ки аз ман халос шавӣ, ҳаққамро медиҳӣ, хушрўяк фуромада меравам.
— Чихелин ҳақ?!
— Ман илтимос кардам, ки мошинро дор? Не-а? Худат доштӣ.
Гумон кардам, медонӣ, ки мо барои чӣ мурғ барин якпоя сари роҳ меистем? Шояд ҳама ин чизҳоро дониву ман маъқул нашуда бошам? Ё пул надошта бошӣ?
— Надорам!
— Надошта бошӣ, аз мошин мефуройӣ. Мисли мани бепул ба ягон мошин даст мебардорӣ. Гуфтугў мекунетон. Бурда коратро мекунад. Пул медиҳад. Ту ба ман медиҳӣ. Ҷонат халос…
— Дафъ шав, ҷалаб!
— Дуруст мегўйӣ. Ман ҷалаб! Зиндагӣ маҷбур кард, ки ҷалаб шавам. Акнун туро маҷбур мекунад, ки кунте шавӣ!
— Фуро, фоҳиша!
— Ин айб нест! Худ аз худ фоҳиша нашудаам. Аввал дасти зўрӣ карданд. Баъд куштанӣ шуданд. Коре нест. Маҷбур гаштам фоҳиша шавам.
— Ман туро ба милиса мебарам! – мошинро дар гиронда ва ронда гуфт.
Духтар қаҳ-қаҳа зад:
— Кори хуб мекунӣ. Нисфи умрам бо милисаҳо гузаштааст.
Бубар! Бубинем, ки милисаҳо дўсти туанд ё дўсти ман!?
Ронанда сахт тормуз кард. Духтар аз байни ду курсии пеш гузашта ба сари дастаи суръатафзо бархўрд: «Куштӣ!!!»
— Ҳаққи ту ҳамин!
Духтар дасти чап дар пешонӣ, бо дасти рост кашидаву кушода ба бари рўйи рости ў зад:
— Ҳаққи ту ҳам ҳамин!
— Ту бо кӣ бозӣ дорӣ? Лингата аз осмон меорам!
— Инро зиёд шунидам! Аз дасти шумо мардҳо бало намеояд!
Ман ҳам нигарон, ки ягон кас кушадам ва аз чунин зиндагӣ халос хурам! Шумо маро ба фоҳишагиву ҷалабӣ таъна мезанед! Ман аз ҷонам сер шудагӣ! Дар хона падару модарам ва кўдакам нигарон, ки аз дар дуто нон медарорам ё ягон чизи дигар! Ту вақти маро гирифтӣ. Он ҷо меистодам, то ин вақт сад мошин омада меистод.
Баробари истодан мепурсид: «Чанд пул?» Ту мардаки номард «Куҷо барам?» гуфтӣ. Тартиби шаҳри худро, ки намедонӣ, чаро мошин медорӣ? Ё пассажир хаёл кардӣ? Пулат набудааст…
— Чанд пул?
— Ҳазор дирҳам!
—...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор