Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ака! Пулат ҳам лозим не... Як кори савоб бикун: Ман пеши чархи мошинат дароз мекашам. Аз болоям ронда гузар...
Ронанда аввал ғазаб кард, сонӣ ҳайрон шуд, ки духтаракро фаҳмида намешавад. Пули ройгон хоҳад ва боз худкушӣ кардан хоҳад.
— Ягон ҷафо расидааст ё ягон дард дорӣ?
— Худат бедардӣ, ака? Бовар надорам? Зиндагиат хуб мебуд барои ҳазор дирҳам худро ин қадар азоб намедодӣ. Аз мани нокаси ҳаром, ҷалаб, фоҳиша ҳарфҳои паст намешунидӣ.
— Ма, ма! Ма пул!
— Пулат ба худат насиб бикунад. Аз ман халос шудан хоҳӣ, як роҳ ҳаст: маро бо мошинат пахш карда, хунамро рехта мегузарӣ, вассалом.
— Девонаӣ?
— Ҳо! Девона ва пасттарин зани олам. Агар не, чун мушони заҳролуд аз раги гарданат мегазам.
— Мурдаат чанд пул меистад?
— Ҳисоб надорад.
— Хўш... Ана коғаз, ана қалам... Бинавис, ки мурдаат чанд пул меистад ва розӣ ҳастӣ, ки ман ба ҳамон нарх туро бикушам...
— Розӣ... Ба ройгон розӣ.
— Хўш. Фуро. Пеши чархи мошин дароз каш.
Чӣ алам буд. Чӣ қисмату тақдир, ки духтарак чунон кард.
Ронанда тугмаҳои дарҳоро пахш кард, шишаҳоро бардошт ва чу маҳбуси ҳайратзадаи одамкуш чӣ кор карданро намедонист.
Пас ронаду гурезад? Ё фурояду дарро қуфл карда назди милиса тозад? Зеро духтар пеши чархи мошин дароз кашида буд. Аз сару тани ронанда арақ рехт. Нафасгардон низ шуд. Худ аз худ дари мошинро кушод. Ҳаво расид ба сару рўяш. Дигаргуна шуд. Пеши мошин гузашт. Духтарак пасрў ҷафси чарх ёзида буд. Раҳгузарҳо ҷамъ шуда буданд ва мошинҳо бозистода садо медоданд.
«Хез, хоҳарак...»
Ин садо ҳама садоҳоро пахш кард. Духтар нашунид. Гўйӣ аз тарс мурда буд.
«Хез, хоҳарак. То хонаат бурда мемонам...»

Ҳолиё чўҷа мушро хўрдан хоҳад, аммо аз тарсу ҳарос, мабод, ки худашро муш хўрад, кебида, бо ҳазор ранг нағма, ҳолат ва ҳаракат ба мушак наздик шаваду дур. Нўл зада, пуртаҳлука аз тораш ҷаҳида гузарад. Ба назар ҷондоре аз пояш доштанист; дусе қадам дур рафта, гардан каҷ карда нигарад. Бинад, ки мушак мурдавор хобида, аз кашокашу бардорузанҳо тар шудааст; аз арақи тан ё аз оби даҳони гурбаву пишак, туфи мурғу чўҷа ва ё ашки пинҳонии худаш. Ва як бор кранвор бардошта андаке бурд.
Алвонҷ мерафту аъзои танаш намеҷунбид мушро. Боз шерак шуда омад ва ба нўл гирифта тохт чўҷаи пойдарози аз тухми ҳамсоя рўйида.

пешина
аз 378
навбатӣ