Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Аммо Тоҷдорро тафовуте нест, зеро аз зери домони худаш баромадааст. Дўст дорад ва нагузорад, ки зиёнкоре наздик шавад. Ва чўҷа то ҳавзаки гирди дарахти хурмо бурду партофт.
Ҳанўз ҳам ҳаросаш бартараф нагашта буд. Зеро оча чандин бор таъкид карда буд: «Агар ёронатро мушон нахўрда буданд, села шуда, бозиҳо мекардед».
Ва дертар, баъди нўл задану гирифта гурехтанҳо, ба замин задану афшонданҳо каме ошно шуд бо мурдаи муш. Инак бовар кард, ки мурдааст. Бо нўл бардошта афшонд. Аз сар, аз пар, аз почааш дошта фурў бурдан хост, аммо ҳеҷ ба даҳанаш наомад. Аз сараш боз дошт. Ба даҳон гирифтанӣ шуд, нарафт; гўшҳои хуконаи мушак тофтанд; сафедии таги шикам, пойҳои паррандагонаи бараҳнааш низ. Сахт андохт ба замин. Сар боло карда очаро ҷуст:
«Чу-чу! Биё, пораш бикун! Дар даҳонам намегунҷад!»
Ин замон пишак «мӣ-мӣ!» кард сўйи Гурба норозиёна. Гурба донист, ки коре шуда. Оҳиста сар бардошта нигарист сўйи пишак, ки думакаш аз ҳад зиёд боло, безобитаву ғамзада аз ў мадад ҷўяд.
Мушро андар даҳони чўҷа дид. Ғазаб карда, шерона ба замин пахш гашта, хам-хам ҷониби чўҷа рафт, ки гоҳи сайд гирифтан чунон мекард ва чун наздик шуд, якбора ҷаҳид! Муш аз даҳони чўҷа парид ва мурғак омад ба даҳони Гурба. Фиғон бардошта пар-пар зад. Пеши чашмони Гурбаро гирифта буд. Чун сахттар ҷафид, чўҷа ором гашт. Ў шерона гом зада, чўҷа уреб дошта, аз байни буттаву алафҳо бурда рўйи хазони баргҳои савсан гузошт.
Муш ба ҳоли худ Гурба садое баровард, ки баччааш зуд омада бо чўҷа ба бозӣ даромад.
Тоҷдор чун аз ин ҳол огоҳ гашт, фаххиду ғазаб кард ва тоҷаш лоларанг шуд. Чунон нимдаву нимпарвоз омада ба пишак зад, ки бозигар чанд ғел гашт, «мӣ-мӣ» нола ҳам кард. Гурба огоҳ аз ҳодиса гашта ҳуҷум ба мокиён овард. Тоҷдор ҷаҳида бо нўлу панҷа ба чашму даҳони Гурба зад. Ҷанг оғоз ёфт. Тоҷдор ба омодаи ҷаҳиш гаштани Гурба фурсат надода, зуд-зуд ҷаҳида панҷа мезад.
Гурба наметавонист ва намеёрист бидорад аз ягон ҷойи мурғ. Лек пару болаш мерехт аз зарбаҳои хеш. Мурғ гурезонд Гурбаро.
Валек Гурба тан надода ҳамчун Тоҷдор фаххида буд; шерона ғазаб карда ва таъбир ҷуста, думашро низ болида медошт; на муйдор, балки пардор нишон медод.
Ва Пишак чўҷаро бозӣ медоронд. Ҳамон ғазабе, ки дошт, низ ба сари Пишак рехт Тоҷдор: коре, ки бори аввал карда буд – фаххида, болдор омада зад онро, ки чанд ғел гашт. Гурба ба ёрии баччааш тохту дар нимароҳ бозистод аз тарси мурғ. Тоҷдор қудқуд карда норозиёна аз замонаву кирдори он зери дарахти хурмо рафт. Ғазабе, ки дошт, ба сари мушак рехт: нўл зада, мушаки мурдаро зери пояш пахш карда, кашида-кашида пора кард ва бо ситеза ҷониби чўҷаи беҳунар андохт, то хўрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор