Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Аммо то охир хўрда нашуда, Гурбаро дил сўхт ба сайд. Ғазаб кард ба беҳунарии Пишак ва худро кадхудо донистани Тоҷдор. Яктоз омада чўҷаро бардошта, тори дарахт баровард. Гарчӣ мурғ болдор буд, натавонист шохи дарахт барояд. Низ ғазаб кард ва ҳамлавар шуд сўйи Пишак. Пишак низ тозон ба дарахт часпид ва назди оча баромад. Дукаса мехўрданд чўҷаро. Тоҷдор дар зер месўхту пар мерехт ҷаҳида ба танаи дарахт, вале расида наметавонист ба дарранда. Ва чун аз дарахт фуромад Пишак Тоҷдор чу Мушгир пару бол баровард; якрост омада ба сараш зад; чашмонашро кўр кард ва гўшташро канда-канда хўрдан гирифт. Ғаши Пишак чун ғаши кўдак буд. Бедор кард Полвонро. Дид, ки оварди ҳақиқист, низ шарик шуд: тохт бар Гурба. Гурба ба баҳонаи гурез мурғро дошт ва ҷаҳид тори дарахт. Полвон натавонист расондан. Гурба дар душохаи дарахт қарор гирифт ва сару тоҷи мурғ ба даҳон дошта ҳамоил кард. Пар-пар мезаду по Тоҷдор ва ҳеҷ наметавонист раҳо ёбад. Полвон ҳарчанд зўр мезад, ки мурғи ошно аз даҳони Гурбаи ошно раҳо кунад, дасташ намерасид ба он баландӣ. Аммо аз буни дарахт дур нарафта нигоҳ ба боло мекард, ки чун мехўрад Гурба Тоҷдорро ва кай мефурояд ба замин, то қасд биситонад. Аммо шаб шуду Гурба нафуромад. Дами субҳ таппӣ баромад. Гурба афтид аз шохи дарахт. Полвон пахш карду дошт ва аз сараш хўрданро сар кард чунон ки Гурба мушро. Валек Гурба ягон бор ҳам наҷунбид...
Чун Гулоб бозгашт аз кор рўйи ҳавлиро корзор дид пур аз хун ва болу пар. Танҳо Полвон монда буд. «Ин кори ту? Аз гуруснагӣ?
Ман устухон овардам!» Полвон дум ликконду устухон нахўрд.
Вале ҳамон шаб ғайб зад. Субҳ Гулоб пўсташро дами дарвоза дид: «Кори бангиҳо!» гуфт, ки расм шуда буд сагхўрӣ.
Алқисса: мушак хўрд заҳрро; чўҷа хўрд мушро; пишак хўрд чўҷаро; мурғ хўрд пишакро; гурба хўрд мурғро; саг хўрд гурбаро; бангӣ хўрд сагро; замин хўрд бангиро...
Заҳр ҳам кора накард мушонро. Дому қапқон ҳам. Зеро дар қапқон бештар рўбоҳ ва гурбаву саг меафтод ва онҳо лангон – лангон қапқонҳоро кашолакунон мебурданд ва аз рўйи каргасрез пайдо мекарданд онҳоро. Аммо мушони доғулӣ реб дода, ҳар ҳиллаву найранг карда аз паҳлўи дому қапқон мегузаштанд. Дар нўги шастҳои моҳидорӣ гўшт, мағзи нон, ё мағзу чағзи тар, мавизу тутмавиз, донаи офтобпараст гузаронида, сари роҳи мушон ё сўрохи муш мемонданд, то хўрда ба шаст афтанд. Аммо мушон хўраҳоро чунон аз шаст ҷудо карда мехўрданд, ки шасти холӣ боқӣ мемонд. Агар ягон баднафс саросема шастеро фурў бурда бошад, танобро ғўла карда гурехтааст, ки на мурдааш пайдосту на зиндааш. Мардум бисёр фикр карда «аз мост, ки бар мост»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор