Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

мушхорро истифода бурданд: дар гузаргоҳҳо, гирди партовгоҳҳо, роҳравҳо, андар сўрохи муш, даҳонаи мушхонаҳо, атрофи биноҳо девора сохтанд аз мушхор, чунон ки давлати ҳамсоя минагузорӣ карда буд. Аммо ин мушхорҳо ба домани мушон начаспида ба домони дарози хонумҳо мечаспид ва гашту гузори онҳоро дар ҳама ҷо душвор мегардонд: бавижа гоҳи дар автобусу троллейбусҳо нишастан доман ба домани якдигар мечаспид ё домони занон ба шими мардон андармон мешуд. Сонӣ ҳама аз мушони омада сухан мекарданд ва як номи умумӣ ниҳоданд:
«Офат!»
Хонумҳои озодаву олуфта ҳам, ки бо мошинҳои махсус меомаданд, аз рўйи эҳтиёт як бор пушти домонашонро дастмол карда, дилпур гашта бар курсӣ менишастанд. Дар бозгашт дами дар аввал либосҳоро аз назар гузаронида, пасон ба хона медаромаданд. Он қадар дилбазан шуда буд муш, ки шунидани номаш танҳоро ба ларза меовард. Ба ҷойи кам шудан меафзуд. Гўё онҳо дигар кор надоштанд; танҳо мезоиданд. Ба ҳеҷ роҳу равиш тухмашонро пок карда намешуд. Ҳар гуна тадбир меҷустанд: кўрхат ҳам мекарданд; бўри чинӣ ҳам мекашиданд гирду иҳотаи ҷойҳо, биноҳо. Роҳҳои зеризаминӣ мекофтанд... Коное мушеро дошт.
Бар думаш латта баст. Карасин зад. Оташ гиронд, ки ба хафол ё сўрохи муш дарояд, аммо муш ҷониби коҳдони худи ў тохта, коҳу коҳдон ва хонаашро сўхт. Чунин қасди одамӣ мушонро ошкор шуд ва онҳо ҳар кори баде, ки аз дасташон меомад ва ҳунаре ки доштанд, сарф мекарданд: аз зери замин ба хонаҳо роҳ кушоданд; сандуқҳоро сўрох карда гандуму чормағз бурданд ва себу биҳӣ, анору ношпўттии баҳри дардмандон зери ғалладона андар сандуқ гузоштаро низ дандон зада хўрданд, ки пирони як дандон дошта себро чунин тарош-тарош мехўрданд. Арзандон ва нони зери сари кўдак гузоштаро низ ғорат карданд; қурути дар сабаддаста овехта, нони газидаи сарбози ба ҷанг рафтаро ҳам, ки паҳлўи сураташ андар пештоқи хона мех карда буданд ва умедашон он буд, ки сарбоз баргашта насибаашро хўрад, дандон зада, реза-реза карда буданд; суратро ҳам дар қатори дафтару китоби кўдакон аррамайда гардонида буданд. Донкосаи кабк ҳам, ки бўйи дон дошт, низ арра шуда буд; шикамбаи равғани зард гирифта, тулуми чакка гирифта; пойафзол; дастархон ва ҳар чизе, ки бўйи нон ё хўрокворие дошт, мубталойи пайи дандони муш гашта буд.
Каду, тарбуз ва харбузаи зери коҳ гузошта ҳам сўрох гашта ё пок-покиза хўрда шуда буд. Аз офатҳои табиӣ чизе боқӣ мемонд, аммо аз ин офати худодод навое намонд.
Мушгире дигар тамоми рўз чун чархбол дар фазои шаҳр
гашт ва муше сайд карда натавонист. Ва аз баландӣ гоҳи ғуруб
дид, ки Росуе ба чизе андармон ҷонканӣ дорад. Зўр зада андаке пеш ҷунбад, аммо аз завлона ҷудо шуда натавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор