Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

«Маъзарат мехоҳам, Олампаноҳ! Лозим бошад, ҳамаашро пайдо мекунем!»
«Ҷосу! Фармон чунин: он мехҳо дар зери замин ё дар сандуқи фўлодӣ бошанд ҳам, бояд пайдо кард ва ба қасри зеризаминӣ кашонда рах зад!!!»
«Ба чашм! Олампаноҳ!»
Ҷосу қисми дигари мурофиъаро нигарон нашуда фавҷи кориашро гирифта, ба тамоми мамлакат парешон шуданд. Дар хоҷагӣ пайдо накарданд, дар ноҳия пайдо нашуд; дар ноҳияҳои ҳамсоя, ҳатто дар баъзе ноҳияҳои ҳамсарҳади кишвари ҳамсоя низ пайдо нашуд, ки мушон бо чӣ азобу машаққат ба он ҷо рафта омаданд.
Лекин мушони аз тухми қатаған монда хуб медонанд, ки мехро нахўрдаанд ва набурдаанд; агар дар ҷое баҷо карда бошанд, пайдо кардан имкон дорад. Лек ба Ориё бурда бошанд, аз он ҷо боз ҷанубтар, онҳо нерўву имкони то он дуриҳо рафтан надоранд.
Зеро дар ғарибиҳо базўр нонашонро ёфта мехўранд.
Замоне расидааст, ки қавму қабилаҳо, тоифаҳои хурд ба сари худ тақдирашонро ҳаллу фасл карда наметавонанд. Бояд ташкилотҳои нерўманди хориҷӣ, агарчӣ ягон бор ин сарзамин ё нимҷазираву кўҳпораеро надидаанд, аз дуриҳои дур истода дўғу даранг кунанд, сиёсаташонро гузаронанд. Вагарна тайёраву чархболҳояшон чун мушгирҳо дар фазои беғубори мулки бечорагон пайдо гашта гулўлаборон мекунанд бе ягон огоҳӣ; шабу ними шаб нагуфта, ба роҳату фароғати мардум кордор нашуда, бе ҳеҷ бисмиллоҳ тугмачаҳоро пахш мекунанд ва дар як мижазанӣ мулки обод зери чангу хок монда, ғубор мисли як дарахти азими марг сар ба авҷи фалак мекашад; баъд дар он сарзамин сабза намерўяд. «Аз рафторашон таҳҷойиҳо ба сари мо тухми вабо рехтанианд. Тухми аҷали дар партобгоҳҳо рехтаашон қонеъ накард онҳоро. Чунки мо аз он заҳри ҳалоҳили мушкуш гурехтем; мушҳои ноогоҳу нохонда ва ҳафтаву моҳҳо гурусна он неъматҳои ноёбро; аз замони ҷанг боқӣ монда, гандидаро; ҳамон гўшти сурати одам нагашта аз камари духтарони ноболиға лахт-лахт канда гирифтаро хўрда, дар худи ҳамон ҷой по дароз карданд ва низ пўсидаву гандиданд. Ба бадномии мо дафтар кушоданд; қиссаҳо бофтанд, ки мо шаҳрашонро макрўҳ ва берўҳ гардонидем. «Дод аз дасти мушони ранга, ки аз ҷабри ҳарому ифлос буданашон меҳмонони хориҷӣ ба ин ҷо омада наметавонанд!» Ин ҳама як сў; моро ба меххўрӣ муттаҳам карданашон баробари ҳукми марг аст. Мо ба чунин тўҳмат тоқат карда наметавонем. Ин ҳама кори мушони худӣ. Онҳо на танҳо дар замин чизу чора намонда фурўхтанд, балки дар ҳаво сими барқ намонда бурида, ба баҳои арзиз фурўхтанд. Зарфҳои мисӣ намонд; чунки яҳудиён хатареро пешбинӣ карда ҳама зарфҳои мисиву нуқрагинро андар бозорҳои кўҳнафурўшӣ бароварданд. Андар даҳанаи ҳар тангкўча бозорча пайдо шуд, онҳо ҳама чизашонро ба савдо монданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор