Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Чизҳои ифлос ва дилнокашу табъхиракунанда бошад ҳам, касони ба қадраш мерасидагӣ он чизҳоро – зарфҳоро харида баҷо мекарданд, ки рўзе ба кор ояд. Сонӣ харидор пайдо карданд он чизҳо ва қиматашон афзуд. Ҳамаи ин чизҳо ба мулки ҷангзадаи мо рафт. Зеро тоҷирони дар Замони Ҷанг бо чунин маводи бозоргир рў ба рў шуда суду зиёни онро хуб медонистанд.
Ана ҳамин оҳанг аз ҳамон мақомҳост.
Намоишномае, ки ҳоло сохтаанд, ба бадномии мост. Медонед-а? Медонед... Бо чунин рафторашон ба аҳли башар фаҳмониданианд, ки душмани асосии инсоният муш бувад, ки сақич аз даҳонаш рабояд. Ин қабил мардум мисли одамони зардпўст мушу харчангу мор намехўранд, аммо бадкориашон зиёд. Муш, мор, каждумро бо ҳар роҳе тавонанд, нобуд мекунанд. Зеро зиёнкорро дўст надоранд. Лек худашон он қадар зиёнкорӣ кунанд, ки ҳисобаш набошад».
Росу аз рўйи одат сарашро печонд, то ғанаб карда, осуда гардад, сонӣ ҳар мушкилоте бошад, роҳи ҳаллашро ёбад, валек хобаш набурд. Бори нахуст чунин ҳодиса рух дод. Задухўрд, таъназаниҳо, қашшоқиву гуруснагиҳое буд, ки ба зинда монданашон касе замонат намедод. Ҳамааш гузашт. Рўзҳои нек омад. Ва яку якбора кадом қаламбадаст ин намоишномаро омода карда, ба навор овардааст; чунон ки дасташро ба пушти дег сиёҳ карда ба рўйи мушҳо молида бошад. Чунин рўсиёҳиро Росу ёд надорад. Бобову бобокалон ва ҳафт пушташ дучор наомадааст бо чунин ҳол. «Ман худкушӣ намекунам, ки душман шод гардад. Аз малах зиёдтар лайс мекунам хокашро!» Сабр талабид ба худ, ки ҳоло намоиш давом дорад; аз пода пеш чанг кардан хуб нест. Бубинад, оқибаташ чӣ шавад. Аммо намоиш қатъ гашт. Оинаи сандуқи ҷаҳоннамо тира монд. Оташаке надошт. «Ё барқ хомўш шуд ва ё Ҷосу корашро кард? Яқин ў мушонро амр карда худ аз паси қасосгирӣ шудааст: кадом монтёри дар илми васли барқ хондаро фармудааст, ки симҳои зеризаминии барқро ғўла кунанд». Сонитар, баъде ки Росу хун хўрда, одаташро дигар карда (бехобӣ кашида) мисли генерали ҷангро бохта дар торикии зерхона қадам мезад ва ҳама ҷангҳову задухўрдҳои сивупанҷсолаашро пеши назар меовард, оина нимрўшан шуд. Дилаш тапид ва ҳолаташ дигар гашт. Ба ном душманонро аранге дид. Он қадар арақ кард, ки ба назараш ранги аслиаш ҳам об шуда рехт ва мўяш ба пўст часпида як муши ҷойдории беранг шуд; монанди пишаки ошолуд. Ягон шинос бинад, намешинохт. Чунки майдаяк шуд; ба назари худаш аз кўрмуш ҳам хурдтар; мисли баччаи муш, ки худаш як вақтҳо буд: тар, луч ва чашмонаш пўшида, даҳон кушода «ҷиҷҷӣ» меҷуст. Ана ҳамон хел нотавон. Монанди касе, ки то аз сари кор дур шудан мушт ба сари сина зада «Дунё аз они ман!» мегуфт ва Худоро чени худодод намедонист; сонӣ шоҳи навҷулуси тезхун онҳоро одамони қадими дунёбехабар дониста аз лингашон гирифта ба ҷаҳаннам андохт, чунин нотавон, ҳақир, берўзӣ ва муши мурда шуданд...Тоқаташ тоқ шуд, ки чаро дар корзор намурд: «Буд, бисёр буд; ҷояш буд, ки аз пову аз китф тир ҳам хўрдам, аммо чунин аламангезашро бори аввал дучор омадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор