Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Росу ба андеша рафт. Ба назар зерхонаи торик ториктар намуд.
Ва он шаб тамоми шаб дар шаҳр симфония садо дод. Ба назари Росу торҳои арғунун садо медоданд. Дар торҳо на мизробу нохун, бал дандон зарба мезад ва чун камонак ба рўйи тори нозук мелағзид. Воқеан торикистон шуда буд. Ҳама чизҳо аз кор монданд; телефонҳои вобаста ба барқ занг намезаданд. Пеши роҳи мардумро чизе равшан намекард. Гўё ба замонҳои нахустодам баргашта буданд, ки нигарон ба чароғи Худованд мешуданд. Тирезаҳои баъзе ошёнаҳо равшанӣ дошт; равшании шамъ, чароғи фонус ё лампа ҳам дар гирифт дар ҳар биное як ё дуто; зеро чароғи эҳтиётӣ гирифта монда бошанд ҳам, равған надошт; баъзеҳо дар саҳни бинову ҳавлиҳо оташ афрўхтанд; бархе бо равшании телефонҳои дастӣ пеши роҳашонро равшан мекарданд. Ва ҳамон вақт шабона амр шуд, ки бозорҳо дари бозорашонро боз кунанд ва мардум генераторҳои дар бозорҳо зангзадаро бихаранд. Зеро халқ фармуда: «Ними умратро деҳу рўшнойӣ бихар, ними дигарашро деҳу ҷўшойӣ бихар!» Вале он шаб барои хидмати шабонаи тоҷирон нархи генератори (муҳаррик) дусаддоллара таги ҳазор рафт. Аммо нуқтаҳои сўзишворӣ аз сабаби набудани нерўи барқ, карасин-ку хеле вақт боз нест, солярка ё бензин дода наметавонистанд. Хонаҳое, ки сатилкаш сўзишворӣ мефурўхтанд, суд ба даст оварданд. Мошинҳои садама таку боло медавиданд, то сабаби чунин хиёнатро пайдо кунанд, аммо аз рўйи замин дарёфт карда натавонистанд.
Рўзи дигар овоза шуд, ки барқарор кардани риштаи барқ кори андак нест; чанд рўз кашол ёбад. Зеро ин системаро кадрҳои навбаромади маҳаллӣ хуб надонанд, мутахассисони кадом мамлакати ба мо дўст ё бародар сохтаанд. То кормандони касбӣ омада ҳамаашро ҷо ба ҷо накунанд, касе роҳи ислоҳи онро наёбад. Акнун бозори Асбоби Рўзгорро китф зада гузашта намешуд. Барои як генераторро харида баровардан як рўз миёни тўдаи ноҷунбони мардум сутун мешуданд. Кисабурҳо фиғони харидоронро мебароварданд. «Душманро хас – бас!» Ин асрорро касе намедонад.
Баъзе мушони ҷойдорӣ, дониста ё надониста, аз рўйи ҳавас ба кори онҳо дар шаби торик ҳамроҳ шуда, сим бурида бошанд ҳам, забони одамонро ё одамон забони мушонро намедонистанд, ки ба якдигар фаҳмонанд. Бечораи муш аз рўйи одамгарӣ аз лаби домони одам дошта кашола кунад, ки биё нишон диҳам, ҳамон лаҳза ё пой зада дур меандозад ва ё калтакро гирифта чунон мезанад, ки муш дар ҳаво чилликсурат меравад. Акнун муш ҳам, одам ҳам пушаймон, ки умрро барбеҳуда гузаронида забони якдигарро наомўхтаанд. Аз чунин беаҳамиятиҳо ибрат гирифта ҳоло ҳама ба омўхтани забони англисӣ машғуланд, ки судманд бувад. Ин бад-он монад, ки замоне ҳар падару модар кўшиш мекард, ки фарзандаш забони арабӣ омўхта, Арбистон ба кор рафта, мошин орад.

пешина
аз 378
навбатӣ