Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҳамин «Волга»-и худамонро, ки ҳоло мардум савор шудан нахоҳанд. Чӣ андоза пеш рафтаем...
Шаби дуввум дар зери садои генераторҳои мил-милсўз овози симфонияи мушонро касе намешунид. Дишаб мардум баҳузур хоб карда ҳама бехобиҳои гузаштаи пурташвишро қусур бароварда буданд, ягон чизро ҳис накарданд ва дар торикӣ надиданд, ки танҳо чизҳои оҳанӣ барҷо мондаанд. Зеро касе огоҳ набуд, ки он шаб мушон ба забони худашон «қатли ом» эълон карданд. Чандин кўдаки гаҳвора он шаб нобуд шуд, аз сармо донистанд; бадмасти бисёре сар аз бистар набардошт, айби бангу гера, гуфтанд; чанд коргари банк нобуд шуд, кори дуздон шумурданд. Духтарҳои ба кўча баромада барнагаштанд, мушони гурусна хўрдаанд, гуфтанд.
Валекин чораи несту нобуд кардани мушонро наёфтанд. «Калашников» бисёр, лек мушҳоро дида намешавад. Онҳо ҳайвони доно; ҷое ки бўйи борут ояд, давр намезананд.
Як чинии ба кор омада аз бекорӣ маслиҳат дод, ки нуқсонро аз дастгоҳ наҷўянд. «Ҳама чизу чора дар зери замин». Ба ҳоли ў хандиданд. Ў ба маънои зиёд гуфт ин ҳарфро, онҳо нафаҳмиданд.
Ў шарм дошт ва хоҳиш кард, ки мардуми чинӣ бекор нишаста наметавонад, агар иҷозат диҳанд, нуқсонро ҷустуҷў кунанд. Рухсат нашуд. Чинӣ як Росуро дошт. Росу ҳамчун моҳии тилло ба забон омад: «Маро озод бикун! Ҳар хоҳише дорӣ, ба ҷо орам».
«Сабаби гум шудани барқро бигўй!»
1 «Сели самин!»
Гўё ба забони чинӣ сухан кард Росу, аммо ў чизе нафаҳмид.
Росу тап-тап ба замин пой кўфта, боз бо ангушт ба қаъри замин ишора кард. Чинӣ боз чизе нафаҳмид. Росу аз ғазаб заминро тезтез ханҷол кашида ҷўйча кард ва як пора симро ёфта бар ҷўйча хобонд ва аз нав бардошта хоида, ғўла кард ва чиниро намуд.
«Аҳа!»
Пай бурд чинӣ, ки Росу чӣ мегўяд. Айнан андешае, ки дар сари ў буду касе гуфтаашро сарфаҳм нарафт: «Ҳама чизу чора дар зери замин» гуфта буд ў; решаву тухми дарахту ҳама рустанӣ; маъданҳо; обҳо ва оқибати салтанату тантанаҳо ва бузургсозиву донотарошии инсонро дар назар дошт, ки хок пинҳон кунад.
Он вақт ба ҳоли ў хандиданд, ки мо сабаби қатъ гаштани барқро пурсем, ў бо забони шикаста ва ифодаи кўдакона «ҳама чиз дар зери замин» мегўяд. Росу сухани ўро шунида буд ё на, айнан такрор кард: «Сели самин!» ба таври худ аз рўйи талаффузи чиниён ё ин калимаҳоро чинӣ пиндошта чунин гуфт; ва мушаххас низ буд:
«Айб дар зери хок».
- «Зери замин!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор