Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пойҳояш нишеб, рўйи оҳантахтаи васлкарда менишаст шў.
«Боз такрор кардӣ?»
Суоли зан бепосух мемонд. Дер чизе намегуфт дигар. Пасон як даҳан гуфта, як зина боло пой мемонд. Боз нигарон мешуд, ки аз шў чӣ садо меояд. Як садо мебаромад: паст, ношунаво ва мавҳум; ё пояш ба оҳан лағзид ва ё кадом мурватро тоб дод.
«Баччаҳо дар хона танҳо!»
Ана дар чунин ҳол меғурунгад ў. Зан рўшан намешунавад. Лек тахмин мекунад, ки чӣ гуфт:
«Ман туро биё нагуфтаам!»
«Медонам! Ту аз ҳама чиз безор... Лекин ман худам омадам...
Аз ҳақу ҳамсоя шарм дошта!»
«Ба ҳамсояҳоят гўй, ки ба мурдаи ман наоянд... Чӣ хеле ки дар зиндагиам аз дарам надаромадаанд...»
«Охир... Охир... Охир... Забонам намегардад; айби онҳо чист?
Ту инхелин бошӣ, онҳо чӣ хел дароянд аз дари ту?»
«Ҳааа... Ман ҳамон ганда...»
«Ту нағз! Нағзтарин марди дунё! Ман ҳама одамони рўйи заминро бо ту муқоиса мекунам. Аз ту хубтаринаш нест!»
Ва дар гулўяш чизе дармонда, намегузорад идома диҳад суханро. Вагарна он қадар гуфтанӣ дорад, ки қатра-қатра чакида, рўйи ҳам ях бандад ҳамин крани зурафогардани аз Од ҳам баландро гўр мекунад.
«Ту нағз, занак, ман ганда! Агар ту набошӣ, баччаҳо дар як ҳафта якто намонда мемиранд!»
«Не! Агар ту набошӣ!»
«Ман ин хел набудам-ку, занак? Худи зиндагӣ одамро ба ҷаҳаннам тела медодааст. Ана нигар: ана ин хел аз пас тела медиҳад; ҳар қадар баланд бошад, барои вай аҷибтар: вазнинтар, базарба, бо садои баланд мезанад ба замин ва дигар барнамехезад. Ана ин хел!»
Аммо дар чунин ҳолат зан чашм пўшида рўй ба сутуноҳани кран пахш мекунад ва гўшҳояшро медорад; дам ба дарун гирифта хомўш меистад ва баъди муддатҳо – тақрибан вақти барои афтидану ҷон додан мувофиқ, чашм кушода, гўш раҳо карда, диққат медиҳад. Садое нест.
«Бум! Бум! Бум!»
Садои Бум омад, ки аз баландии кран оромиро пай бурда овоз баровард. Ин ҳамон Бум, ки дар душохаи сиёҳдарахти азим лона дошт ва ҳар сол чўҷа мебаровард, ки чашмонашон ба чашмони баччаҳои ў монанд буд. Дар чўҷагиашон ба андозае зебо, ки дошта аз нўли зардакаш мучӣ кунам мегуфтанд баччаҳо, вале ба он баландӣ баромада наметавонистанд. Бум ҳам дастнорас будани лонаашро дониста андар миёни душоха тухм мегузошт.

пешина
аз 378
навбатӣ